Телевизион ҷойи пирҳо нест

Пирию ҳазор иллат гуфтаанд. Дастонат, сарат ба ларзидан меояд. Рӯйҳоят ожанг пайдо мекунанд.

 Хотираю суханронӣ заиф мегардад. Ин гуна амал ба ҳар касбу кор хос мебошад. Лекин набояд телевизионҳои мо ҳунарпешагон – сарояндагонеро, ки синну солашон аз 60 боло гузаштааст, пайваста мавриди намоиш диҳанд. Рақсу сурудхонӣ дар ҷавонӣ зеб дорад. Пирию хартозӣ шояд ҳамин бошад. Ин ба ҳунарпешагони саҳнаҳои театрӣ дахл надорад.

Вақте ки санъаткори мумтоз Зафар Нозимов барҳаёт буд, ҳангоми афгору нотавон шуданаш дар курсӣ ӯро мешинонданду суруд мехонд. Ба хубӣ медидӣ ва дарк мекардӣ, ки  ӯ чӣ гуна бо машаққат, душворӣ месарояд ё ин ки санъаткори хушовоз Амриддини Кабир  бо чеҳраи харобу хазон, лунҷу абруҳои овезон мебинию дилат ба риққат меояд.  Мо зидди он нестем, ки сарояндагони пиру нафақагирро  ҳаргиз ба воситаи телевизион нишон надиҳанд. Не! Бигузор, агар дар ягон зодрӯз ё агар фавтида бошанд, чун ёдбуд ба намоиш гузоранд.

Як гапи дигар. Ҳафтае нест, ки Фотимаю Нигораю Нигина Амонқулова,  Шуҳрат Сайнаков чор — панҷ бор такрор  бар такрор дар ТМТ «Шаҳнавоз» ҷилва накунанд. Чаро боре Ҳикмат Ризо, Иброҳим Кобулиев, Гулрафтор Шаҳобова, Иззатулло Амонов, Мардони Мавлон ва ё саҳнаҳои озмунҳои «Бӯстон»-ҳои телевизиониро  намоиш намедиҳанд? Канӣ, як андеша кунед, ҷанобони соҳибтелевизион!?

Нурулло Ҳасанов,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *