Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Террористон дар Тоҷикистон, кистанд онҳо?

Имрӯз дар толори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ширкати вазир корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода нишасти хабарӣ баргузор гардид.

Дар нишаст вобаста ба фаъолияти ВКД худи вазир маълумот дода, сипас ба саволҳои хабанигорон ҷавоб дод. Инчунин, дар нишаст сардорони раёсатҳои ВКД низ дар ҳолатҳои зарурӣ ҷавобҳои вазирро пурра мекарданд. Аз ҷумла, сардори Раёсати ҷинояткории муташаккил Шоди Хафиззода гуфт, ки дар давраи аввали соли сипаригашта аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохила ҳамагӣ 274 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстреместӣ дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд
Аз ҷумлаи онҳо, 203 нафараш аз ташкилоти экстреместӣ — террористии “Бародарони мусалмон”, 27 нафар аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстреместии “Давлати исломӣ”, 17 нафар пайравони ҷараёни Салафия, 8 нафар ҷамоати “Ансоруллоҳ”, чаҳор нафар “Гурӯҳи 24”, се нафар ҲНИТ, се нафар “Ал-Қоида”, ду нафар “Ҳизб-ут-Таҳрир”, як нафар ҳаракати исломии Ӯзбекистон, як нафар аъзои гурӯҳи Толибон ва як нафар дигар аъзои “Ҷамоати таблиғ” дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷиноятӣ кашида шуданд.
Инчунин дар ин давра 92 нафар аз хориҷи кишвар ба Ватан баргардонида шудаанд.
(Гузориши муфассалро аз нишасти мазкур дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед)

А.А.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.