ТЕСТ: Вақте ки масҷиду китобхонаро тестхона мекунем…

Имрӯз довталаби мактаби олӣ ба воситаи тест донишҷӯ мешавад.

Имрӯз донишҷӯ чор соли расо имтиҳонҳоро тестӣ месупорад ва аз ҳеҷ кадомаш баҳои ғайриқаноатбахш намегирад. Ин дар ҳоле ки вай аз аксар фанҳо дафтар надорад, аз бисёр фанњои имтиҳонсупоридааш одитарин муҳимиятҳоро намедонад.

Имрӯз магистрант, яъне муҳаққиқи ҷавон, олимшаванда, муаллими оянда ва нафаре, ки дар роҳи басо мушкили илм роњсипор аст, бо тест дар донишгоҳ имтиҳон месупораду аз курс ба курс мегузарад. Магар хандаовар нест дидани манзараи кофтукоби вариант “А” ё “В” аз ҷониби як маҳаққиқи ҷавон дар утоқи компютерӣ?

Имрӯз ҷои китоб, ҷои ҷустуҷӯ, ҷои фикрронӣ, ҷои дафтару лексияро тест гирифт.

Имрӯз донишҷӯён хобгоҳу донишгоҳ, китобхонаву роҳравҳои онро, даруни мошин ва ҳатто масҷидро тестхона кардаанд.

Имрӯз мо ба тестхониву тест азёдкунӣ чунон одат кардаем, ки дигар ҳар шишту хезамон бо калимаи “тест” оғозу анҷом меёбад.

То дирӯз дар масҷид телефонбозию суҳбатҳои гарми намозгузоронро бо хандаҳои қаҳ-қаҳаашон медонистам, вале акнун тестхонии онҳоро низ фаҳмидам.

Ҳар нафаре, ки чанд ҳафтаи охир ба Китобхонаи миллии меравад, огаҳ аст, ки ин муддат китобхона ба тестхона табдил ёфтааст. Толорҳои пур аз хонандаро дидан хуб аст, вале нек нигарем, қисми зиёди онҳо барои калимаҳои махсусро аз ҷавобҳои тестҳо ёфтану аз бар намудан омадаанд.

Дар ин росто, ягона толори матбуот, ки махсус барои рӯзномахонҳо пешбинӣ шудааст, тестхонҳо “забт” кардаанд ва ҳар нафари газетхон бояд пас аз имтиҳонот ба он ҷо равад.

Як чизи дигар, бовар кунед, роҳравҳо ва помонакҳои китобхонаро низ тестхонҳо банд кардаанд. Бо ин ҳама дарҳамбарҳамӣ аҷобати кор дар он аст, ки дар назари аввал ҳамагон зиддӣ тест ва имтиҳоноти тестӣ ҳастанд, вале садои касе баланд намешавад.

Биёед, ба умеди тест нашуда, китобхониро фаромӯш накунем, зеро тест танҳо барои аз имтиҳон гузаштан аст.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *