Тиҷорати Туркияву Тоҷикистон ба 1 миллиард доллар мерасад

Дар шаш моҳи аввали соли 2021 гардиши мол байни Туркия ва Тоҷикистон 177 миллион долларро ташкил дод

Тоҷикистон ва Туркия ният доранд тиҷорати дуҷонибаро ба 1 миллиард доллар расонанд, гуфт вазири саноат ва технология Мустафо Варанк хангоми форуми саноатй дар Душанбе.

Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки Туркия яке аз шарикони иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар гардиши савдои хориҷии кишвар мавқеи махсусро ишғол мекунад.

Дар шаш моҳи аввали соли 2021 гардиши мол байни ҷумҳуриҳо 177 миллион долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, дар соли 2020 ин рақам нисбат ба соли 2019 17% афзоиш ёфта, 323 миллион долларро ташкил додааст.

Дар солҳои пеш аз пандемияи COVID-19 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Туркия аз 700 миллион доллар гузашта буд.

Дар робита ба ин, дар солҳои наздик кишварҳо ният доранд ин рақамро ба як миллиард доллар расонанд. То имрӯз дар байни давлатҳо кариб 60 корхонаи муштараки саноатӣ бунёд карда шудааст. Барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар Душанбе маркази савдои «Вафо» амал мекунад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *