Тилло дар автомашина

Кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и гумруки шаҳри Исфара қочоқи  тилловориро пешгирӣ кардаанд.

 

Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ин миқдор маснуоти заргарӣ аз автомашинаи як сокини шаҳри Исфара дарёфт шудааст.

-Ҳангоми муоинаи шахсӣ аз либоси дар тан доштаи шаҳрванд Б.М., ду адад халтача дарёфт карда шуд, ки дар дохили онҳо маснуоти заргарии тамғаношудаи рангашон зарди ба тилло монанд, ба миқдори умумии 265 дона бо вазни 438,43 грамм ва аз либосҳои дар тан доштаи шаҳрванд А.И. соли таваллудаш 1961, истиқоматкунандаи ш. Истаравшан, бошад як адад халтача бо маснуоти заргарии тамғаношудаи рангашон зарди ба тилло монанд, ба миқдори умумии 223 дона бо вазни 308, 70 грамм, дарёфт ва гирифта шуд,-мегӯяд манбаъ.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрвандон Б.М., ва А.И. бо моддаи 259-и Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *