Тири одамрабоёни Турсунзода хок хӯрд

 Гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Турсунзода, бо маслиҳати пешакӣ, бо роҳи гаравгонгирӣ ба даст овардани маблағи калони пулӣ даст ба ҷиноят заданд.

Тахминан соати 07:30 дақиқа, яке аз аъзоёни ин гурӯҳ дар кӯчаи И. Сомонии шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб худро ба писарбачаи 17-солаи хонанандаи Мактаби таҳсилоти умумии шаҳри зикргардида ҳамчун шиноси падараш муаррифӣ карда, ӯро ба доми худ дароварда, мегӯяд то мактаб бо автомашинааш тамғаи «ДЭУ ТИКО» бурда расонад.

Ноболиғ ба суханҳои ӯ бовар карда, ба автомашина савор мешавад. Пасон, ин аъзои гурӯҳ ноболиғро ба тарафи яке аз биноҳои истиқоматии маҳаллаи шаҳри Турсунзода, ки дар он ҷо аъзои дигари ин гурӯҳ, яъне ҳамсари ӯ интизор буд, оварда, дар якҷоягӣ ӯро маҷбуран ба дохили бино медароранд. Сипас, онҳо дасту пойи писарбачаро бо коғази ширешшуда (скоч) баста, ҳаммаслаконашонро ба назди худ даъват менамоянд.

Баъдан ин гурӯҳи ҷиноятпеша ба падари ноболиғ тавассути телефони мобилӣ занг зада, аз ӯ барои озод кардани писараш маблағи пулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари амрикоӣ талаб менамоянд.

Пас аз ба Вазорати корҳои дохилӣ ворид гардидани ахбороти дахлдор, оиди ҳодисаи гаравгонгирӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, амалиёти махсус амалӣ карда шуд.

Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ худи ҳамон рӯз, соати 23:30 дақиқа, 3 нафар шахсони гумонбари ҷинояти гаравгонгирӣ дастгир гардида, 1 нафари онҳо ҳангоми озод намудан ва ҷой доштани таҳдид ба ҷону саломатии ноболиғ безарар гардонида шуд.

Ноболиғи ба гаравгон гирифташуда, бе бардоштани зарари ҷисмонӣ озод карда шуда, ба волидайнаш баргардонида шуд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт аз тарафи шаҳрвандон ва кормандони мақомот касе осеб надидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *