Телевизионҳои давлатӣ корпартоӣ эълон карданд

Рӯзноманигорон беларус талаб доранд, ки натиҷаҳои интихобот беэътибор дониста шуда, сензура бекор карда шавад.

Рӯзи душанбе, 17 август, соати 15:30, кормандони “Белтелерадиокомпания” ба сардори ширкат Иван Эисмонт расман дар бораи корпартоӣ хабар доданд.
Дар эълони тазоҳурот рӯзноманигорон як қатор талабот пешкаш кардаанд:

  1. Натиҷаҳои интихоботи президентии 9 август баргузоршуда беэътибор дониста шаванд.
  2. Раиси Комиссияи марказии Ҷумҳурии Беларус аз кор озод карда шавад. Интихоботи нави Президентӣ тибқи Конститутсия гузаронида шавад.
  3. Пешгирӣ кардани зӯроварӣ нисбат ба ашхоси ғайринизомӣ. Ҳама кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки зӯроварӣ истифода намуда, фармонҳои ҷинояткоронаро иҷро намуданд ва савганди ба халқ додаашонро вайрон карданд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
  4. Боздоштшудагон дар эътирозҳои осоишта ва ҳама маҳбусони сиёсӣ раҳо шаванд.
  5. Сензураро дар расонаҳои давлатӣ бекор карада шавад.
    Дар зери ин талабҳо 272 нафар имзо гузоштанд. Аммо, ба гуфтаи кормандони ширкати телевизионӣ, шумораи имзоҳо «камтар аз 50 дарсад аст».
    Эътирозҳо дар назди бинои Белтелерадиокомпания, рупори асосии давлатии Беларус, тамоми рӯз идома доранд. Якчанд корманди дигар соати 2:30 бегоҳ аз утоқҳои кории худ баромаданд. Дар кӯча онҳоро бо кафкӯбӣ ва нидои : «Молодси!»пешвоз гирифтанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *