Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷик дар Русия зери чархи мошин монд

Шоми 16-уми январ боз як муҳоҷири тоҷик дар Русия зери чархи мошин монда, ҷон дод. Дар ин бора хабар медиҳад шаҳрванди дигари тоҷикистонӣ Самирҷони Зафар дар саҳифаи фейсбукиаш.

Нафари ҳалокгардида Абдуллоев Баҳодур соли таваллуд 1989 зодаи вилояти хатлон буда, то ҳол нафаре пайдо нашудааст, ки ҷасадаи ӯро соҳибӣ намояд. Тавре Самирҷони Зафар мегӯяд:
“Шоми 16-уми январи соли 2020 тахминан соати 6:51 дақиқа дар роҳи шаҳраки “Красный посёлка-Павловская Свабода”-и шаҳри Маскав ин бародари тоҷикро мошин пахш мекунад, ки дар натича ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.”
Инчунин Самирҷон аз шарвандони Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки агар нафаре ин шахсро шиносад ба рақамҳои тамос гирад: +79853681946, +79175251721.
Зимнан, ҳамасола садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба таври фоҷиабор ба ҳалокат мерасандэ.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.