Тоҷикистон ва Эрон: муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ

Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иззатуло Зарғомӣ, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Душанбе ташриф овардааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.

Зикр шуд, ки новобаста аз паҳншавии бемории фарогири COVID-19 соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар арзёбӣ гардида, дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона рушд намуда истодааст.

Ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ, экологию солимгардонӣ изҳор намуд.

Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Эрон аз умқи таърих сарчашма мегирад ва ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандҳои таърихию меросӣ мебошанд.

Дар бораи зарфияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ, табиати нодири ҳайвоноту растаниҳо, кӯҳҳои баланд ва осоишгоҳҳои муолиҷавӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар самти сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва агротуризм мусоидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *