Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикистону Эрон корҳои боқимондаи нақби «Истиқлол» ба анҷом мерасонанд

Дар доираи ҳамкории муштараки ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон корҳои боқимондаи нақби «Истиқлол» ба анҷам расонида мешаванд.  Дар ин раванд корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ, васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунии нақб анҷом дода мешаванд. Хабар медиҳад АМИТ “Ховар”

Доир ба ин масъала дар  ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул шуд.

Гуфта мешавад, ки  бо ҳамовозии аксарияти вакилони Маҷлиси намояндагон Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон ба намояндагӣ аз Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ тасдиқ гардид.

«Дар маҷмӯъ, то ба имрӯз барои сохтмони нақби «Истиқлол», ки аз 4996 метр нақби мошингузар ва 4996 метр нақби ҳаводиҳанда иборат аст, ба ғайр аз корҳои системаҳои ҳавотозакунӣ, рушноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ маблағи 61,4 миллион доллари америкоӣ равона гардидааст»,- иттилоъ дода Худоёр Худоёрзода.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.