Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 200 млн метри мукааб газ мехарад

Соли 2020 Тоҷикистон азӮзбекистон 200 млн метри мукааб гази табиӣ мехарад. Ин нуктаро Шавкат Шоимзода, муовини аввали ширкати «Тоҷиктрансгаз» рӯзи 29 январ зимни нишасти хабарӣ ироа кард.

Ба гуфтаи Шавкат Шоимзода, айни ҳол ҳайати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон масъалаи хариди 200 миллион метри мукааб газро матраҳ мекунад. Соли гузашта Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ба маблағи умумии 17,7 миллион доллар 140 миллион метри мукааб гази табиӣ харид.

Бояд гуфт, газе, ки аз Ӯзбекистон меояд ба хонаҳои мардум интиқол намешавад, балки бештар барои эҳтиёҷи Ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе сарф шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, соли 2018 “Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1” бо тавоноии 60 мегаватт фаъолият намуд, ки истифодаи гази табиӣ нисбатан кам буд. Соли 2019 тавоноии марказ ба 90 мегаватт бардошта шуд, ки истифодаи гази табиӣ низ зиёд шуда, 108 миллион метри мукаабро ташкил дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *