Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул кумакҳои бештари молӣ дархост намуд

Мақомоти Тоҷикистон аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ хоҳиш кардааст, ки дастгирии молӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллиро афзоиш диҳанд
Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналиилалии Пул хоҳиш кардааст, ки барои афзоиш додани дастгирии молиявӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ мусоидат намоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Завқизода Завқӣ, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо бону Катаржина Зайдел, мудири иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Тоҷикистон ва Пиотр Трабинский, мудири иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул роҷеъ ба Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Қайд карда шудааст, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва тамоюлҳои ҷойдошта, тадбирҳои зиддибуҳронии андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, инчунин масъалаи зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул ба соҳаҳои афзалиятноки кишвар, муҳокима намуданд.

“Бо андешидани тадбирҳои зиддибуҳронӣ устувории макроиқтисодии кишвар таъмин гардид”, — қайд намудааст Завқизода зимни мулоқот.
Манбаъ қайд кардааст, ки мудирони иҷроияи Гурӯҳӣ Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул дар сатҳи 8,7 фоиз рушд кардани ММД-ро натиҷабахш арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Завқизода аз мудирони иҷроияи Гурӯҳӣ Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул хоҳиш намудааст, ки барои афзоиш додани дастгирии молиявӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин расонидани кумакҳои техникӣ дар самти тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ мусоидат намоянд.

Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *