«Тоҷикистон» чӣ менависад? Аз қонуни нави аскарӣ то ҳушдори Рустами Эмомалӣ

Қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои ҳафтаи равон буд. Пас аз қабули ин қонун нафароне, ки дар сохторҳои гумрук, суд, прокуратура ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият кардан мехоҳанд, бояд ҳатман хизмати ҳарбӣ карда бошанд. Нафарони дигар, ки хоҳиши хизмати ҳарбӣ надоранд, бо додани маблағи муайян аз аз хизмати аскарӣ озод мешаванд.

Ин қонун чӣ тавр амалӣ мешавад? Барои нарафтан ба аскарӣ чӣ қадар маблағ додан зарур аст? Ин мавзӯъро ҳафтаи равон “Тоҷикистон” дар як матлаби муфассали таҳлилӣ пайгирӣ кардааст.
Нашрия пас аз суҳбат бо мақомот ва коршиносон хулоса мекунад, ки амалӣ шудани ин қонун барои коҳиши облава ва паст шудани сатҳи коррупсия дар хизмати ҳарбӣ мусоидат хоҳад кард.

Тафсилоти бештари амалӣ гардидани қонуни мазкурро дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа кунед. Аз байн бурдани “дедовшина” дар сафаи қувваҳои мусаллаҳ ва нест кардани табъйиз ҳушдори Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Парлумон ба Прокурори генералӣ буд, ки “Тоҷикистон” ин мавзӯъро низ пайгирӣ кардааст.

Масъалаи баста шудани роҳҳо ба Русия ва дар ватан мондани муҳоҷирони меҳнатӣ яке аз масоили мубраме аст, ки чанд моҳи охир мавриди баҳсу мунозира қарор дорад.

“Тоҷикистон” дар матлаби “Роҳи муҳоҷирон боз шуд. Русия тоҷиконро ба сохтмон ҷалб мекунад” хабар медиҳад, ки Русия барои муҳоҷироне ки дар сохтмонҳо кор мекунанд, роҳҳоро боз мекунад. Фақат низоми сафар ба Русия дасҷамъӣ ва бо талаби ширкатҳои сохтмонӣ сурат мегирад.

“Тоҷикистон нахустин сафари дастҷамъии муҳоҷиронро ба Русия ташкил мекунад. Ба иттилоъи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барномаи сафари як гуруҳи беш аз 400 нафараи муҳоҷирони кории тоҷикро ба вилояти Иркутски Русия бо мақомоти кишвари мизбон ҳамоҳанг кардаанд.”-менависад нашрия.

“Пули байни ду халқ” мақолаи Одил Нозир дар мавриди рӯзгор ва эҷодиёти профессор Аслиддин Қамарзода аст, ки ба синни мубораки 80 расид. “Устод Аслиддин Қамарзода, яке аз фидоиёни фарҳангу адаби тоҷик дар Самарқанди қандманд 80-сола шуданд. Эшон тамоми умри бобаркати хешро сарфи омӯзиши адабиёту фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон карда, барои густариши равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши мунир доранд”-менависад, муаллиф.

Дар баробари ин “Тоҷикистон” матолиби мухталифи фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро пайгирӣ кардааст, ки бо дарёфти нашрия метавонед мутолиа кунед.

“Тоҷикистон”-ро ҷӯед, ёбед ва хонед, зеро “Рӯзнома зиёд, “Тоҷикистон” яктост!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *