«Тоҷикистон ва ҷаҳон»: 8 сол дар ҷустуҷӯи ҳақиқату адолат ва розҳои пинҳонмондаи ҳаёт

Яке аз барномаҳои пурбинандаи телевизион дар Тоҷикистон 8 сол аст, ки сокинонро аз хабару рӯйдодҳои ҷолиби кишвар ва ҷаҳон огоҳ мекунад.

Барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон»-и рӯзноманигори тоҷик Фатҳиддин Замон ҳаштсолагии фаъолияташро таҷлил мекунад.

Барнома таҳлиливу сиёсӣ буда, масоили зиёди сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангиро дар бар мегирад.

«Тоҷикистон ва ҷаҳон» 7 феврали соли 2012 бори аввал пешниҳоди бинандагон гардида буд.

Ба гуфтаи муаллиф ва ровии барнома Фатҳиддин Замон, бахшҳои зиёди он бо дархости ҳаводоронаш дар фиттаҳо сабт шуда, дар мактабҳову донишгоҳҳо, марказҳои динӣ, қисмҳои низомӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Афзун бар ин, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ қарор доранд, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ пайгири «Тоҷикистон ва ҷаҳон» мешаванд.

«Ҳамзамон, бахшҳои барнома, ки масъалаҳои экологияи Тоҷикистон, минтақаҳои сайёҳиву ҷаҳонгардӣ, муаррифии фарҳангу тамаддун ва ҷуғрофияи кишварро дар бар мегирифтанд, барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва сайёҳон ба кишварҳои дуру наздики сайёра фиристода шудаанд», — меафзояд вай.

Фатҳиддин Замон таъкид мекунад, «Тоҷикистон ва ҷаҳон» ҳарчанд масъалаҳои гуногунро таҳлил ва баррасӣ карда бошад ҳам, ногуфтаниҳои зиёде ҳастанд, ки дар оянда ба самъи ҳаводорон расонида хоҳад шуд.

То ба ҳол зиёда аз 570 қисм аз барномаҳои «Тоҷикистон ва ҷаҳон» таҳия ва тариқи Телевизиони Тоҷикистон пахш гардида, дар соли 2020-ум низ мавзӯъҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, аҳлоқиву амниятӣ ва ғайра аз масъалаҳои ҷаҳонӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар зери назари муаллиф қарор гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *