Тоҷикистонро дар Паралимпиадаи -2020 як варзишгар намояндагӣ мекунад

Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар додааст, ки ҷумҳуриро дар Паралимпиадаи -2020 як варзишгар намояндагӣ мекунад

Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки аз 24 август то 5 сентябр дар шаҳри Токиои Ҷопон 16-ум Бозиҳои Паралимпиада баргузор мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар Паралимпиадаи -2020 як варзишгар намояндагӣ мекунад.

“Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ як варзишгар – Акмал Қодиров дар варзиши сабук, равияи гулулапартоӣ муаррифӣ мекунад. Ҳамроҳи Акмал мураббиаш Зокирҷон Комилов ва роҳбари ҳайат Сиёвуш Илёсов ба Токио сафар мекунанд”, — таъкид доштааст КМО Тоҷикистон.

Ба барномаи Бозиҳои паралимпии Токио-2020 22 намуди варзиш ворид гардидааст: камонварӣ, варзиши сабук, бадминтон, бочче, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, велосипедронӣ, аспсаворӣ, футбол, голбол, ҷудо, паверлифтинг, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, волейбол (нишаста), шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, триатлон, баскетбол бо ароба, шамшербозӣ бо ароба, регбӣ бо ароба, теннис бо ароба.

Дар Паралимпиада 4400 варзишгар аз 136 кумитаи миллии паралимпӣ барои 540 маҷмӯи медалҳо сабқат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *