Тоҷир бо арзиши 55 ҳазор доллар орд гирифту маблағ надод

Як марди 36-солаи сокини пойтахт ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза муроҷиат намудааст, ки санаи 6-уми августи соли 2020, марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хераварзи ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 30-тонна ордро ҷамъ ба маблағи 55 ҳазору 503 доллари амрикоӣ барои фурӯхтан гирифта, маблағашро ба манфати шахсиаш сарф намудааст. 

Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 66-солаи сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намудааст, ки соли 2016, ду ҷавони 26-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 96 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки хоҷагии деҳқонии фермерии ба номи “Маҳмуд” бо бинои ёрирасон, дар ҷамоати деҳоти Гулистонро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳанд, аммо маблағи гирифтаашонро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *