Тоҷики узви «ДИИШ» дар Олмон боздошт шуд

Шарҳванди Тоҷикистон, ки узви гуруҳи «Давлати исломӣ» буда, дар ҷангҳои Сурия ширкат кардааст, дар Олмон боздошт шуд.

Додситонии Олмон бо нашри як хабар изҳор доштааст, ки гумон бар Муҳаммадсаид С. дар ғарби Рейн-Вестфалияи Олмон боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, гумонбар 30 сола буда, аз Тоҷикистон ба Сурия рафта ва ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастаат.

Додситонии Олмон мегӯяд, ин шаҳрванди Тоҷикистон чанд маротиба дар наворҳои ведиоӣ зоҳир шуда, ҳамватанонашро ба ҷиҳоди Сурия даъват кардааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон аз моҳи сентябр Сурияро тарка намуда ба Олмон рафтааст.

Ҳоло дақиқ нест, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар кишвари Олмон ҷазо мегирад ва ё ба ватан истирдод мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *