Тоҷики узви Толибонро 16 сол ҳабс карданд

Тоҷики 28-солаи узви Толибон Бегиҷон Назаров, ки аз тарафи нерӯҳои афғон боздошт ва баъдан ба Душанбе истирдод шуда буд, бо ҷурми «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ» ва «зархаридӣ» ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст. Бтно ба гуфти як додраси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 23 октябр ин ҳукм ба тозагӣ эълон шуда, Назаров мӯҳлати адои ҷазоро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳад кард.

Аз рӯи  маводи тафтишот,Бегиҷон Назаров панҷ соли пеш ба қасди муҳоҷират дар Русия кишварро тарк карда, баъдан аз шаҳри Қазон ба Афғонистон рафтааст. «Бегиҷон дар Русия бо Анвар Худоёров якҷоя корҳои сохтмонӣ мекард. Анвар нақл кардааст, падараш Насриддин ҳамроҳи Толибон ҷиҳод мекунад ва даъват намудааст, ки Бегиҷон ҳамроҳ ба онҷо равад.»

 Бегиҷон ва Анвар охири соли 2011 аз шаҳри Қазони Русия ба минтақаи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон рафтаанд. Ба иттилои манбаъ, онҳо дар он минтақа бо «Қорӣ Маҳфуз» ном як намояндаи Толибон дидор карда, барои иштирок дар ҷанг иҷоза ва силоҳ гирифтаанд.

То кунун наздикону вакили дифои Бегиҷон Назаров дар бораи ҳукми ӯ изҳори назар накардаанд, аммо додгоҳ мегӯяд, Бегиҷон дар ҷараёни мурофиаи парванда ҳузураш дар ҳайати Толибонро эътироф кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *