Тоҷикистон аз феҳристи содиркунандагони мева ба Чин берун мондааст

Чин мизони воридоти меваро дар соли ҷорӣ афзоиш дода, дар назар аст аз кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 10 миллиард доллари амрикоӣ мева ворид кунад.

Чин мизони воридоти меваро дар соли ҷорӣ афзоиш дода, дар назар аст аз кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 10 миллиард доллари амрикоӣ мева ворид кунад.

Бино ба маълумоти сомонаи таҳлилии EastFruit, дар чор моҳи соли 2019 мизони воридоти мева дар Чин 3,1 миллиард долларро ташкил додааст, ин рақам нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 26 дарсад бештар будааст.

Бахши аслии меваҷот, бахусус, меваҳои тропикӣ ба Чин аз Чилӣ, Таиланд, Ветнам ва Филиппин ворид мегардад.

Дар миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо Ӯзбекистон ба феҳристи кишварҳои содиркунандаи мева ба Чин шомил шудааст. Ин кишвар умдатан ба Чин меваи хушк, бахусус мавиз содир мекунад.

Дар ин феҳрист исми Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки меваҳои тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ пок парвариш мешавад, ба чашм намехурад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *