Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикистон аз тарҳи “Як камарбанд-як роҳ” пуштибонӣ мекунад

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба манзури ширкат дар Ҳамоиши дуюми байналмилалии “Як камарбанд-як роҳ” озими Чин шуд.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба манзури ширкат дар Ҳамоиши дуюми байналмилалии “Як камарбанд-як роҳ” озими Чин шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи ин ҳамоиш Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи “ЕХРО-2019” дидан хлҳад кард.

Ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо хабарнигорони шабакаи телевизиони “Сиситивӣ” (CCTV-русӣ), рӯзноманигорони Агентии иттилоотии “Синхуа” ва нашрияи бонуфузи “Женмин Жибао”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин гуфт, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки аз ин ташаббуси ҷаҳонии Пекин пуштибонӣ мекунад ва талош дорад, аз он фоидаҳои ҳадди аксар бардорад.

Вай оид ба ҳадафҳо ва афзалияти ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, дар бораи аҳамияти баргузории ҳамоиши сарони давлатҳо, вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкории кишварҳои шарики стратегӣ — Тоҷикистону Чин, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар таъкид кард.

Тарҳи «Як камрбанд — як масир» соли 2013 дар анҷумани XVIII Ҳизби коммунисти Чин эълон шуд, ки дар худ ду тарҳи бузург — «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» (КИРА) ва «Роҳи абрешими баҳрии асри XXI»-ро муттаҳид мекунад. Ин роҳ ба ташаккули даҳлезҳои энержӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик, нигаронида шудааст. Дар солҳои гузашта натиҷаҳои ин тарҳ бисёр чашмгир будааст.

Интизор меравад бо даъвати раиси ҷумҳури Чин Сӣ Ҷин Пин дар Ҳамоиши дуюми байналмилалии “Як камарбанд-як роҳ” 40 раҳбари давлат ва ҳукуматҳои дигар ширкат кунанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.