Тоҷикистон дар Бозиҳои VI «Бачагони Осиё» миёни 43 даста 21-умин шуд

Тавре Маҳмуд Абдуллоев, раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон ва ҳамзамон сардори шуъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ додааст,  Абубакри Акобир, варзишгари навраси тоҷик, дар Бозиҳои VI  байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» дар Ёқутистони Русия дар мусобиқаи гуштии кураш бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Абубакр дар вазни то 75 кг ҳамтоёни худ Шинтас Серикболсини қазоқ ва  Мурод Қараеви туркманро ба пушт хобонда, медали нуқра гирифт.

   Бад-ин минвол, варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» дар намудҳои бокс (писарону духтарон), гуштии озод, самбо, ҷудо ва кураш қувва озмуда, ҳамагӣ 6 медал (2 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтанд.

Ҳафтаи гузашта «тоҷикистон» иттилоъ дода буд, ки аввалин медалро дар ин Бозиҳо ба Тоҷикистон Шоҳрух Саидов овард. Ӯ дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 35 кг бо медали нуқра мукофотонида шуд. Авзалшоҳи Ҳикматулло, ки дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 50 кг мақоми сеюм ва медали биринҷӣ гирифт. Сумая Қосимова (46 кг) ва Идимоҳ Холова (57 кг) дар мусобиқаи бокс миёни духтарон сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 81 кг бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 6 медал (2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар байни 43 даста дар ҷойи 21-ум қарор гирифт. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷуз Қазоқистону Тоҷикистон, инчунин Қирғизистон бо касби 17 медал (3-2-12) дар зинаи 12-ум ва Туркманистон бо касби 9 медал (1-3-5) дар зинаи 15-ум ҷойгир шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *