Тоҷикистон дар ҷойи 83-юм

Пажуҳишгоҳи Катои Вашингтон дар ҳамкорӣ бо институтҳои Либерал ва Фрезер шохиси озодиҳои инсонӣ дар соли 2016-ро таҳия кардааст. Тоҷикистон аз 10 холи умумӣ соҳиби 6,80 хол гардида ва миёни 159 кишвар ҷойи 83-ро муаррифӣ мекунад.

Дар ин раддабандӣ дар заминаи озодиҳои шахсӣ, ки нишондиҳандаи волоияти қонун ва амният, озодии баён, дин ва анҷуманҳо мебошад, Тоҷикистон бо гирифтани 6,64 хол дар мақоми 92 нишастааст. Аз ҷиҳати озодиҳои иқтисодӣ, ки шомили вазъияти низоми додгоҳӣ, озодиҳои тиҷоратӣ ва шиддати танзими бозор аст, Тоҷикистон дар ҷойи 84-ум қарор дорад.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кишвари бамаротиб озодтар дониста шудааст. Қазоқистон дар заминаи озодиҳои шахсӣ дар мақоми 120-ум омада, аз ҷиҳати озодии анҷуманҳо, дин ва назорати расонаҳо низ нисбат ба Тоҷикистон холи пасттар гирифтааст. Ба ин тартиб ин кишвар дар маҷмӯъ дар ҷойи 96 қарор дорад. Қирғизистон аз ҷиҳати озодиҳои шахсӣ ҷойи 116 ва озодиҳои иқтисодӣ мақоми 70-умро касб кардааст. Исми кишварҳои Туркманистон, Белорус ва Узбакистон бо далели камбуди иттилоои лозим дар ин тадқиқот наомадааст. Ҳонгконг, Швейтсария, Зеландияи Нав аз сегонаи беҳтарин кишварҳо дар шохиси озодиҳои инсонӣ дониста шудаанд. Давлатҳои Эрон, Яман ва Либия дар охири ҷадвал қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *