Тоҷикистон дар рейтинги FIFA 5 зина поён рафт

Рейтинги нави дастаҳои аъзои FIFA нашр шуд, ки дар он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар зинаи 138-ум қарор гирифтааст.
Дар муқоиса ба моҳи гузашта футболи Тоҷикистон 5 зина поён рафтааст ва дар ҳисоби худ 203 имтиёз дорад. Ин поёнравӣ баъди шикасти дастаи мунтахаб дар вохӯрии гурӯҳии даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи Яман аст, ки шогирдони Ҳаким Фузайлов бо натиҷаи 1:2 шикаст хӯрданд.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои кишварҳои пасошӯравӣ танҳо аз Туркманистон (140) дар пеш аст. Дар Осиё Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония пешсафанд. Тоҷикистон дар рейтинги ин дастаҳо дар зинаи 24-ум ҷой гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *