Тоҷикистон – Фаластин: Мусовӣ далели бозии хуб нест

Вохӯрии дуюми рафиқонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Фаластин, ки шоми 5 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гашт, бо хисоби 3:3 мусовӣ анҷом ёфт.
Ба ростӣ, мо мухлисон ва аксари мутахассисони футбол ба пирӯзии мунтахаби миллии кишвар дар майдони худ эътимоди комил доштем. Ва футболбозони тоҷик барои ин бисёр ҳам талош варзиданд. Тавре сомонаи ФФТ иттилоъ додаст, ин бозиро дар варзишгоҳ зиёда аз 16 ҳазор мухлис тамошо карда, тими худро ҳаводорӣ карданд. Аммо ҳайати даста бозиро фақат дар дақиқаҳои иловагӣ мусовӣ карда тавонистанд. Аз натиҷаи вохӯрии рафиқона фақат фаластиниҳо розӣ буданд, ки дар сафар бой надоданд. Ба фикрам, ин барои онҳо баробар ба ғалаба аст.
Мунтахаби Тоҷикистон нахустин шуда ҳисобро аз зарбаи ҷаримавӣ кушод. Ин голро капитани даста Нуриддин Давронов ба ҳадаф расонд. Голи ҷавобиро ба дарвозаи мизбонон футболбози фаластинӣ Ҷонатан Зорилла низ аз зарбаи ҷаримавӣ зада, ҳисобро дар дақиқаи 52-юм баробар намуд. Умуман, дар ин вохӯрӣ дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов ба хатогиҳо роҳ медод. Фаластиниҳо аз иштибоҳҳои ӯ ва ҳамдастаҳояш хуб истифода намуда, ду тӯби дигарро дар дақиқаҳои 57 ва 69 вориди дарвоза карданд. Дар дақиқаи 60-ум Давронҷон Эргашев муаллифи голи дуюми мунтахаби кишвар шуд.
Ҳисоби 2:3 ба фоидаи меҳмонон дар вақти асосӣ бетағйир монд. Сардовар таваққуфҳои қоидавайронкуниҳоро дар рафти бозӣ ба инобат гирифта 7 дақиқаи иловагӣ таъин намуд. Ва футболбозони тоҷик аз он хуб истифода бурда, Парвизҷон Умарбоев партофти Фарҳод Восиевро дар майдончаи ҷаримавӣ бемалол ба тӯри дарвоза расонд.
Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов 5 бозиро мусовӣ анҷом додааст (бо тимҳои Бангладеш — 5:0, 1:1, Сурия – 0:0 ва Фаластин — 1:1 ва 3:3). Албатта, ин натиҷаи бад нест, вале фақат ғалаба ба мунтахаби миллӣ обрӯйи бештар меорад.
Мунтахаби Тоҷикистон вохӯрии навбатии рафиқонаашро 9 ноябр бо тими Туркманистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мегузаронад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *