Тоҷикистон: ифтитоҳи корхонаи муштараки васлкунии техникаи кишоварзӣ

Пагоҳ, 16 майи соли равон навбати аввали корхонаи муштараки васлкунии техникаи кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор, ки тирамоҳи соли равон пурра ба кор медарояд, ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора имрӯз зимни изҳороти матбуотии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко  хабар дода шуд.

Роҳбарони ҳарду давлат изҳор доштанд, ки миёни ду кишвари дӯст Тоҷикистону Беларус имкониятҳои васеъ барои ҳамкории саноатӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ширӣ, қоғаз, саноати нафту кимиё, инчунин истеҳсоли трансформаторҳо ва техникаҳои светодиодӣ мавҷуданд.

Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Маҷмааи агросаноатӣ, соҳаи саноати мошинсозӣ, истеҳсоли доруворӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ аз ҷониби мо ҳамчун самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ муайян карда шудаанд».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки сарони ҳарду давлат доир ба зарурати ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои болозикр ва бо ин мақсад ҳавасманд гардонидани ҳамгироӣ байни минтақаҳо ва доираҳои соҳибкории ду давлат ҳамфикр буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *