Тоҷикистон пирӯзиашро ҳифз карда натавонист

Мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 23 март дар варзишгоҳи миллии Баҳрайн  бозии нахустинашро дар соли равон бо мунтахаби миллии Баҳрайн мусовӣ  — 1:1 анҷом дод.

Тавре сомонаи ФФТ иттилоъ медиҳад, ҳисобро дар ин вохӯрии рафиқона аввалин шуда, футболбозони тоҷик  дар дақиқаи 4-ум кушоданд. Муаллифи гол бо дастгирии Ҷаҳонгир Алиев ҳамлагари «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов гардид.  Аммо  футболбозони тоҷик  ин бартариро то охири бозӣ нигоҳ дошта натавонистанд. Баҳрайниҳо  дар дақиқаҳои иловагӣ  ҳисобро баробар карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *