Тоҷикистон: Воридоти ғайриқонунии нӯшокиҳои газнок ва шарбат

Дар соли 2015 ва 4 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 75 ҳолати воридоти ғайриқонунии нӯшокиҳои газнок ва шарбат ба миқдори умумии 18851 дона ошкор карда шуд.

Дар ин бора аз  дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ба “Tajikistantimes»  хабар доданд.  Тибқи иттилои манбаъ, ин ҷиноят аз ҷониби кормандони воҳидҳои сохтории Хадамот  оид ба мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ошкор шуда, аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст. Ҷаримаҳо ба маблағи 5746 сомонӣ, пардохтҳои гумрукӣ 2619 сомонӣ рӯёнида шудааст ва ба маблағи 7794 сомонӣ мол мусодира карда шудааст.

Ҳамчунин, дар соли 2015-ум 49 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба воридоти ғайриқонунии 11031 дона нӯшокиҳои газнок ба қайд гирифта шуда, ба маблағи 2448 сомонӣ ҷарима, 359 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ба маблағи 4409 сомонӣ мол мусодира гардидааст. Нисбати воридоти ғайриқонунии 4290 дона нӯшокиҳои шарбатӣ 5 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба қайд гирифта шуда ба маблағи 2626 сомонӣ ҷарима, 2260 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ба маблағи 2040 сомонӣ мол мусодира гардидааст. Дар чор моҳи соли 2016-ум 20 ҳолати воридоти ғайриқонунии 3362 дона нӯшокиҳои газнок ба қайд гирифта шуда, ба маблағи 672 сомонӣ ҷарима ва ба маблағи 1345 мол мусодира гардидааст. Инчунин 1 ҳолати ғайриқонунии воридоти нӯшокиҳои шарбатӣ ба миқдори 168 дона ба қайд гирифта шуда, парвандаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *