Дастаи мунтахаби футболбозони Тоҷикистон дар бозии интихобии Бозии қаҳрамонии соли 2022 аз дастаи мунтахаби Япония бо ҳисоби калони  0 бар 3 мағлуб шуд.

Бозии ин дастаҳо шоми сешанбеи 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дастаи мунтахаби Япония, ки тими пурзӯр ва ботаҷриба аст, аз оғози қувваозмоӣ ташаббусро ба даст гирифта ба дарвозаи мизбонон се тӯби беҷавоб зад.

Ҳамин тавр дастаи Япония аз се бозӣ 9 холро соҳиб шуда ва дар гурӯҳи “F” дар зинаи аввал ҷой гирифт.

Феълан дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар мавқеъи дуюм қарор дорад.

Имшаб дар гурӯҳи “F” дастаи Муғулистон бо дастаи Қирғизистон қувваозмоӣ хоҳад кард.

Бозии навбатии дастаи  мунтахаби футболбозони Тоҷикистон рӯзи 14 ноябр дар сафар бо дастаи мунтахаби Мянмар баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *