Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикистонро шумораи рекордии сайёҳон тамошо карданд

Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли сипаришуда аз ҷумҳуриамон шумораи рекордии сайҳони ҳориҷӣ  дидан карданд.

Дар соли 2015 ба Тоҷикистон зиёда аз 463,7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд, ки беш аз 413,8 ҳазор нафарашон ҳамчу сайёҳ ба қайд гирифта шуданд. Аз ин ба буҷети давлатии Тоҷикистон қариб 207 млн. доллар даромад шудааст.

Кумита шарҳ медиҳад, ки ин нишшондиҳандаи рекордӣ натиҷаи сулҳу осоиш дар кишвар буда, сифати хизматрасонии меҳмонон беҳтар ба роҳ монда шудааст, инчунин дастрасии иттилоотии шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон ва ёдгориҳои он васеътар гардидааст.

То ин замон, нишондиҳандаи беҳтарини ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон дар соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд. Он сол кишварро 244 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз наздик тамошо карда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.