Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикону ӯзбекон бештар аз ғизои носолим мемиранд

Тибқи як пажӯҳиши байналмилалӣ яке аз сабабҳои марги сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ истеъмоли ғизои носолим будааст.

Тибқи як пажӯҳиши байналмилалӣ яке аз сабабҳои марги сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ истеъмоли ғизои носолим будааст.

Масалан, бар асоси тадқиқоти Донишгоҳи нишондод ва баҳодиҳии саломатии шаҳри Сиэттли Амрико  (Institute for Health Metrics and Evaluation, IHME)  бинобар истеъмоли ғизои носолим дар Ӯзбекистон аз 100 ҳазор тан аз аҳолӣ 892 нафар вафот мекунанд. Ин рақам дар Исроил 89 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ин тадқиқот омадааст: “Ҳарчанд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сокинон ба миқдори зиёд мева, сабзавот ва маводи донагӣ истеъмол мекунанд, вале истеъмоли хӯрокҳои серчарбу ва шакару ғизои равғанин ба давомнокии умри онҳо таъсири манфӣ дорад”.

Бар асоси маълумоти мутахассисони ин донишгоҳ, дар соли 2017 дар ҷаҳон ба далели истеъмоли ғизои носолим 11 миллион нафар фавт кардаанд.

Яъне, бад ин  тартиб, хӯроки носолим аз истеъмоли тамоку зарарноктар будааст. Дар ин тадқиқот таъкид шудааст, ки марги инсон бар асари истеъмоли тамоку солиёна 8 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Донишгоҳи нишондод ва баҳодиҳии саломатии шаҳри Сиэттли Амрико  чунин натиҷагирӣ кардааст, ки истеъмоли ғизои носолим боиси афзоиши бемориҳои сактаи қалб, сактаи мағз, саратон ва  қанд хоҳад шуд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.