Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикстандарт: ҷанг бо бозичаҳои бачагона


Оҷонсии ҳифзи ҳуқуқи инстеъмолгарони Тоҷикистон «Тоҷикстардарт» шумори зиёди бозичаҳои бесифате, ки ба сиҳатии кӯдакон зарар дорад, мусодира кардааст.

Тавре аз ин оҷонсӣ хабар медиҳанд, аз мағоза ва бозорҳои сартосари кишвар бештар аз 9 ҳазор бозичаи истеҳсоли Чин мусодира шудааст. Хабар дода мешавад, ки ин маҳсулот дар таркибашон маводи хатарнок, аз ҷумла, кадмий ва сурб доранд.
Бисёре аз бозичаҳо ба кишвар ғайриқонунӣ ворид карда шудаанд. Пештар аз ин оҷонсии «Тоҷикстандарт» тартиби нави пешгирӣ аз воридшавии маҳсулоти зараррасонро ба бозорҳо пешниҳод карда буд.
Аксари бозичаҳо, маводи лозимии мактабӣ ва сару либоси кӯдакона дар Тоҷикистон аз Чин оварда мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.