Тоифаи гумруккушо аз нигоҳи собиқадори соҳаи гумрук

Худойқул Ҳамроқулов, Генерал-майор, аввалин раиси Хадамоти гумруки ҶТ

Ба ифтихори 30-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаби торику бими мавҷу  гирдобе чунин ҳоил,

Куҷо донанд ҳоли мо  сабукборони соҳилҳо.

                                                                  Ҳофиз

Ҳоли табоҳе дошт дар оғоз гумрук. Истилоҳи «мақомоти гумрук» ҳанўз дар баёни ҳолаш ба кор намерафт. Буду шуд як мизи корӣ ва як мошини «Жигули»-и фарсудаву бе сипаролот (бампер). Ва нуқтаи гумрукии Панҷи поён. Иншооти гумруку анқариб ҳамаи мутахассисони соҳа бошад, дигар аз мо набуданд, чун берун аз марз монданд. Чаро ки ягона гузаргоҳи гумрукии замони шўравӣ дар қаламрави Осиёи Миёна дидбонгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон буду халос.

Бо ин бору бисоти бағоят ҳақиронаву ба ҳадде ночиз, ки мерос хонданаш нашояд,  мебоист бетаъхир мақомоти давлатии муносибе роҳандозӣ мешуд, ки тавонад сиёсати гумрукиро бар уҳда дошта бошад — сиёсатеро, ки ҷузъи таркибии давлату давлатдорист ва саросари дунё онро аз зумраи муҳимтарин соҳае донистаанд, ки барои амну рушди иқтисоди миллӣ ва ҳамгироишаш бо иқтисоди ҷаҳонӣ масъулият дорад.

Нахусткормандони Хадамоти гумрук, 1992

Табиист, ки бо ин аҳвол якчанд сол аз дастгоҳи марказӣ сар карда, то шуъбаву дидбонгоҳи дар ноҳияҳо амалкунандаи гумрук иҷорашин буданд, гумрук ҳатто маблағе надошт оддитарин воситаҳои техникиро, аз ҷумла бо мақсади ба роҳ мондани назорати дилхоҳ дар фурудгоҳи ҳавоӣ дастрас бикунад.

Вазъаш воқеан ҳам риққатовар буд. Дар ибтидо қонунгузорие, ки сиёсати соҳа ва фаъолияти вобаста ба онро танзим бикунад, умуман мавҷуд набуд. Қаблан Тоҷикистону дигар ҷумҳуриҳои собиқ дар аксари соҳаҳо қонунҳои худашонро дар заминаи ба истилоҳ “Асосҳои қонунгузории Иттиҳоди Шўравӣ” истифода мекарданд. Замони истиқлол муддате ин гуна аснод тариқи табдили мансубият ба кор рафт. Ин мушкилии аксари вазорату идораҳои даврони истиқлолиятро осон намуд. Ба ҷуз гумрук. Сабаб хусусияти соҳа буд, яъне сиёсати гумрук на танҳо сиёсати ягонаву мунҳасири худи Иттиҳод ҳисоб меёфт ва ҷумҳуриҳо ҷуз намояндагии рўякӣ, мустақиман дар он ҳуқуқи ширкат надоштанд, балки тарзу усулҳои татбиқаш низ пойбанди сирф вижагиҳои Иттиҳоду сиёсати марказиаш буд, на ҷумҳуриҳо. Ин аст, ки ду қонун аз 26 марти соли 1991 – Кодекси гумруку Қонун дар бораи тарифи гумрукии шўравӣ – пас аз суқути он Давлат барои истифодаи минбаъда корношоям шуданду нодаркор.

Хуллас, бедасту по буда гумрук. Ва, умуман, вақте на аз қонуну дастури фаъолияташ дараке ҳасту на аз меъёру муқаррароти сиёсати соҳа, магар наметавон гуфт, ки шабаҳе беш набуд?

Ҳолаш на танҳо дар ибтидо, баъд аз он низ бинобар омилҳои зеҳниву маъмурӣ бағоят ногувор буд.  Дар киштзори маърифати мардум ва ҳатто масъулини баландпояи идоранишин алафи худрўи бегонаро мемонд гумрук. Чун на танҳо тиҷорати хориҷӣ, балки рафтуои муқаррарӣ ба хориҷи Давлати Шўравӣ хосаву маҳдуд буд, на танҳо мардуми оддӣ, балки аксари вазорату идораву мансабдорон низ тасаввуроти амиқе дар мавриди ин мақомот надоштанд ва зарурияти дарки ҷузъиёти фаъолияташро ҳатто лоиқи эътибор намедонистанд. Ин боиси мушкилии ҳам онҳо мешуду ҳам гумрук.  Масалан, ҳатто баъд аз таъсиси гумрук Инспексияи давлатии Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ фаъолият дошт, ки дар асл кори гумрукро такрор мекард. Дар назари аввал расидан ба маънои он ки ду мақомоти давлатӣ набояд масъули ҳамон як соҳа бошанд, душвор нест. Воқеан, муҷиби ҳайрат аст. Бахусус, имрўз. Вале он замон барои фаҳмонидан, собит сохтан ва аз ин таҷрибаи номатлуб даст кашидан  гумрукро лозим омад зиёда аз як сол талош бикунад.

Нахусткормандони Хадамоти гумрук, 1992

Илова бар ин, азбаски гумрук маъмури манъу иҷозат аст, бисёре аз ашхоси воломақоми давлатӣ ё муғризона ва ё дар заминаи фаросату интизоми пасти ҳуқуқиву хизматӣ мансабу мартабаи худро бартар аз  расмиёти гумрукӣ меҳисобиданд. Ба кори гумрук дахолат мекарданд, фишору таҳқиру таҳдидро ба кор мебурданд, илоҷи дигаре намеёфтанду ба дурўғу туҳмат даст мезаданд, то ки маъмурияти гумрукро бадном созанду роҳбарияти давлатро ба иштибоҳ андозанд… 

Вале… Ин мушкилиҳо ҳама ҳеҷанд дар муқобили фоҷеае, ки ба унвони ҷанги хонумонсўз сари Тоҷикистони азизамон рехт. Валодату балоғаташ гумрукро маҳз ба ҳамин фосилаи наҳси таърихи кишвари тозабунёд рост омад – ба замоне ки ба қавли ҳазрати Лоиқ:

Ту аз ин сӯ, ман аз он сӯй туфанг овардем,

Баҳри саркӯбии ҳам оҳану санг овардем,

Халқи ғафлатзадаро сахт ба танг овардем,

Аз сари роҳ варо бар сари ҷанг овардем. …

Саросари дунё, ҳатто дар мамолики пешрафтаву назму низомашон устувор касбу кори гумрук душвору хатарнок арзёбӣ шудааст. Ҷанг ин хавфу бимро беҳад афзуд: хатари афроди ҷиноятпеша, ки фурсатро мусоид дарёфта, яроқ дар даст ё қасди ба кишвар ворид намудани маводи манъшударо дошт ва ё қасди талаву тороҷу ба хориҷ кашонидани молу маводро — афроде, ки дар парастиши нафси хабис яз ягон бадӣ рў наметофт, ҳар лаҳза эҳсос мегардид. Ҳатто, рўзаш мешуд аҳли гумрук касе каму касе зиёд даҳу понздаҳ таҳдид ба ҷони худу пайванду наздиконро дучор меомаданд. Ва ин танҳо дар дастгоҳи марказӣ, дар дидбонгоҳу ҷузъу томҳои дигари назоративу барасмиятдарории гумрукӣ вазъ аз ин ҳам бадтар буд.

Иддае аз беҳтарин бародарони ҳамкасбро ҷанг аз байнамон бурд. Масъули мубориза алайҳи қочоқ Назирмат Гулматов ғайб зад ва мадфанашро пайвандонаш то ҳол меҷўянд. Сардори шуъбаи фаврии гумрук дар роҳи оҳан Алмос Гадоев ҳадафи тир қарор гирифт. Муовини аввалам, вакили Шўрои Олӣ Мавлон Олимовро ҳини ба кор омаданаш ба қатл расониданд. Нахустмуовини дигарам Тоҳирҷон Орифов, ки дар тақвияти пойдевори гумрук саҳме дошт беназир, бар асари сўиқасд пас аз чанде оламро тарк кард…

Анбори гумрукро дар истгоҳи Душанбе-2 силоҳбадастон сўзонданд ва нодиртарин ҳуҷҷату аснод ба коми оташ рафт. Бало ба пасаш, вале бору бисоти беш аз сад сокини ба хориҷа кўчбаста ба маблағи миллионҳо суми ҳамонвақта нобуд гашт. Оё мешавад тасаввур кард умқи мусибати ин инсонҳоро, ки дирўз ин сарзаминро ватан мехонданд, лек на танҳо аз хонаву дар, балки аз охирин рўзиашон маҳрум шуданд? Ва таассуроти бо худ бурдаашонро?

Бинои хидматии гумрук дар Панҷи поён низ валангор шуд. Бо ҳамин гуна хатар Раёсати гумруки минтақаи Турсунзода мувоҷеҳ гардид, вале хушбахтона, ин нияти ҷинояткоронаашро Раиси ҳамонвақтаи шаҳр Ибод Бойматов анҷом дода натавонист. Соли 1996 дидбонгоҳи гумрукии дар Ҷиргатол, дар марзи Қирғизистон амалкунанда иртиботи маъмуриаш бо дастгоҳи марказиро аз даст дод ва суқут кард. Лозим омад дар ҳайати ҳукуматӣ назди мухолифин биравему тариқи музокира мушкилиро ҳаддалимкон аз байн бибарем.

Таҳти таъсири ҳамин гуна омилҳои номусоиду хатарзо гумрук роҳгардӣ омўхту қомат афрохт.

Нахуст бо тақозои вақт панҷ самти афзалиятноки кор тарҳрезӣ шуд ва бо таваҷҷуҳ ба вазъ фаъолиятро дар ҳамаи ин самтҳо на дар пайдарҳамӣ, балки лозим буд дар як вақт ба роҳ монем. Вагарна фурсат аз даст мерафт ва мамлакат зиёну зараре медид ҳангуфту нобахшиданӣ. Ҳарчанд ин ҳамаро якбора уҳда кардан бағоят сангин буд, вале ҳаргиз бо баҳонаи таъсири муҳит ё вазъи ногувор гумрук аз рисолаташ рў натофтааст. Бо ҳар гуна сабабҷўйӣ на худашро таскин додааст, на пеши касе ба худсафедкунӣ пардохтааст. Албатта, дар шинохту муаррифии корамон душвориҳоро гўшрас мекардем, аммо на бо ғарази фирор аз масъулият, балки танҳо дар робита ба масъалаҳое, ки ҳаллашон аз дастгирии ҳукумат ва вазорату идораҳои марбута вобастагӣ дошт.

Ин самтҳо кадомҳоянд?

1. Самараву сифати дилхоҳи фаъолияти ҳама гуна ташкилоту муассиса вобастагии комил аз коллектив дорад, ба шарте бунёду ташаккулаш ҷавобгўи сирф меъёрҳои тахассусиву ахлоқист. Ин ҳақиқатест бебаҳс, яъне на ба далел ниёз дорад, на ба шарҳу тафсир. Пас, шояд гумон равад, ки ин ҷо низ ҳоҷати ба забон оварданаш набуд. На, таъкидаш дар мавриди гумрук беҳуда нест. 

Ҳар боре ёди он айём мекунаму мекўшам дар мизони ақл кардаву нокардаҳоро баркашам, як суоле бароям ҳаргиз вуҷуд надорад ва аз хусуси он аст, ки ифодагари калидии  ҳосили ранҷҳои кашидаамон  киву чиҳост. Зеро кайҳост басо қотеъона собит шудааст ва бисёранд ҳанўз шоҳидони ҳол, ки ин хулосаро иқрор ҳастанд: бузургтарин дастоварди гумрук, ки мояи ифтихорамон шуда, ҳайати кормандонаш буд, ки маъмулан коллективаш мехонанд, вале дар гумрук ба маънии том команда буд.

Оре, бидуни ҳама гуна муболиға ва аз рўи инсоф бояд бигўям: бо ҷалби беҳтарин мутахассисони касбу кор аз ҳар гўшаи Тоҷикистон ва аз соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мақомоти қудративу назоратӣ ва молияву иқтисод, ба гумрук муяссар гашт соҳиби нерўи корие бишавад, ки назир надошт. Саводу донишу малакаашон олимону донишмандонро тасхир карда буд. Дар сатҳи вазорату идораҳо ва Дастгоҳи Ҳукумат ба гумрук ҳатто дар ҳалли масъалаҳои берун аз салоҳияташ муроҷиат мекарданд ва асноде қариб набуд, ки бе хулосаи мутахассисонаш таҳияву қабул гардад. Гузашта аз ин, кор танҳо бо хулосарониву масъалапардозӣ маҳдуд намешуд, аксари асноди ҳукуматӣ, бахусус дар бахши ҳуқуқу иқтисод, бо истифода аз пешниҳоду лоиҳаҳое ба тасвиб мерасид, ки муаллифашон гумрук буд. Ин рақамҳо ва он ҳам фақат дар мавриди ташаббус ба Ҳукумат худ гувоҳи ҳоланд: 63 пешниҳод дар соли 1994 ва 64-то дар нуҳ моҳи соли 1995. 

Ин ҳама самараи эҷоди муҳити илму амали созанда дар гумрук буд, ки барои рақобати солими ақлҳо ва донишу малакаву маҳорат созгор асту ба кишвар манфиатбахш.

Зимнан, ёдам ҳаст, дар ҳоле, ки аз соддатарин асбобу анҷоми хосаи касбӣ маҳрум будем, чӣ гуна ақлу заковат ва маҳорати кормандони бахши мубориза алайҳи қочоқ имкон дод интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон даруни зарфҳои бузурги оҳании пур аз маводи сўхт ошкор гардад. Ин нахустин таҷрибаи дарёфти калонтарин ҳаҷми героин дар фаъолияти ҳамаи мақомоти Тоҷикистон буд. Ва вақте дар дохилу хориҷ масъулину маъмурини вазорату идораҳо аз ҷузъиёти ину ҳамин гуна амалиёт огаҳ мешуданд, аз ғояти ваҷду ҳайрат кормандони моро аҳсану офарин мехонданду лоиқи ибрат.

Хуллас, аҳли гумрукро устод худаш буд. Ёд мегирифту ёд медод. Мактаби гумрук месохту мактабдорӣ мекард. Муродиф ба ҳамон гуфтаи Бозор Собир: “Худро ба мактаби худ ман ёд дода гуфтам”.

Кам набуданд, мутаассифона, нафарони масъулиятгурезу ноуҳдабаро, инчунин, ашхоси ҳаромкоре, ки бинобар зоҳиру ботини назарфиреб ва ё вобаста ба хусусиятҳои вазъ бо ҳар роҳу восита ба сафи кормандони гумрук мепайвастанд. Садди роҳамон мешуданд, миёни мардум гумрукро доғдору бадном кардан мехостанд, бо сўистифода аз мақому мартабаи хизматӣ даст ба қочоқ мезаданд. Бадии кор дар он буд, ки баъзе аз масъулини давлатӣ аз ин гуна ашхос пуштибонӣ мекард. Барои мисол, 7 нафареро, ки соли 1995 бо далели мусоидат ба қочоқи пахта аз кор ронда будем, суд гирифту барқарорашон кард. Дар ин гуна ҳолатҳо, бо вуҷуди вокуниши ҳуқуқшиносони варзидаамон, ки салоҳияти касбиашонро дар ҳалли мушкилтарин масъалаҳои ҳуқуқии сатҳи давлатӣ истифода мекарданд, бисёр мешуд, ки касе ба додамон намерасид…

2. Таҳкурсии ҳуқуқии фаъолияти гумрук ва сиёсати иқтисодии давлат дар робита бо кишварҳои дунё қонунгузории гумрук аст. Дар бадтарин шароити на фақат кориву хизматӣ, балки умуман буду бош, ки гумон аст насли имрўз тавонад тасаввур бикунад, аз ҷумла миёни дуду ғубори ҷангу ҷўш, вақте чор тараф қатл асту куштор ва ҷуз ҷон ба саломат бурдан мардум ҳадафи дигаре надоштанд, гумрук ду қонуни асосии соҳа – Кодекси гумруку Қонун дар бораи тарифи гумрукиро таҳия намуд.  Аҷибу сутуданӣ нест магар, вақте давлату ҳукумат ҳама нокора шудаву аз қонуну қонуният на ном ҳасту на нишон, ҳангоме ки мардум ба ояндаи нек дигар қариб, ки бовар надорад, гумрук валек ба хотири тартибу низом қонун эҷод мекунаду бад-ин васила дар самти фаъолияташ тарҳи давлатдории навинро мекашад?!

Далели бе шакку шубҳаи ин хулосаҳо Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олист (16 ноябр — 2 декабри соли 1992), бале, ҳамон рўйдоди таърихии тақдирсоз, ки ба шарофаташ давлату давлатдории воқеии тоҷикон дар замони муосир арзи вуҷуд кард. Зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия он ду қонун қабул гардид ва амали мазкур ҳаргиз амри тасодуф набуд, балки баръакс, боз ҳам далели он аст, ки гумрук, чуноне гуфтам, яке аз рукнҳои асоситарини давлатдорист, сиёсату фаъолияти мансуб ба он бошад, муҳимтарин шарти таъсису таҳкими давлат. Ва, ниҳоят, ин амал ҳамчунин далелест дар шинохту эътирофи ранҷу заҳмат ва шуҷоату матонати пешсафони кори гумрук.

Он шабу рўз самараи кори гумрук танҳо рўйи кор омадани қонунҳои зикршуда набуд ва бо таҳияи дастуру қоидаҳои кориву хизматӣ маҳдуд намешуд. Кишвар ба асноде низ ниёз дошт, ки тавассуташ тавонад аз ҳамкориҳои байналмилалӣ баҳра бигирад. Агар ин заруратро ба забони гумрук гардонем, маънояш осон кардани тиҷорати хориҷиву рафтуои мардум ва муборизаи боз ҳам самаранок бо қочоқ аст. Аз ин рў, сухан ин ҷо аз масъулияти муқаррарӣ нест, балки аз масъулиятест, ки метавон гуфт ҳаёту мамоти гумрук ба он вобаста аст. Гумрук дар ин самти фаъолияташ низ на кам аз самтҳои дигар талош кардааст.

Соли 1993 сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Шўрои раҳбарони хадамоти гумруки давлатҳояшонро таъсис доданд ва худи ҳамон сол Низомномаашро тасдиқ карданд. Дар таҳияи санади мазкур дасти кормандони мо низ ҳаст. Шўро дар ҷодаи ҳамгироии мақомоти гумруки Иттиҳод ва татбиқи тарзу усулҳои соддаву якхелаи назорати гумрукӣ саҳми назаррасу арзандае дошту дорад.  Барои тақвияти хулоса кофист Асосҳои қонунгузориҳои гумруки кишварҳои узви Иттиҳодро ном бубарем, ки соли 1995 қабул шуд ва ин гуна санадро на то он даму на баъд аз он дар ягон соҳаи дигари ҳамкории давлатҳо наметавон ёфт. Дар таҳияву муҳокимаи санади мазкур кормандонамон яке аз фаъолтарин миёни ҳамкасбони хориҷиашон буданд ва пешниҳодашон ба таҳрири ниҳоӣ ворид шудааст. Ва ин фақат гуфтаи ман нест, иқрори сарварону мутахассисони мақомоти ҳамон давлатҳост. Ин обрўву нуфузи байналмилалии гумруку кормандонамонро ҳифз мекардему эҳтиёт, то ки боиси хиҷолату сархамии мардуму давлатамон нашавем. Бо ин мақсад ҳар ташаббус ва ҳар лоиҳаву пешниҳоде, ки ворид ё содир мешуд, аз ғалбери меъёру талаботи баландтарини тахассусӣ мегузашт.

Яке аз дастовардҳои басо муҳим узвият дар Созмони ҷаҳонии гумрук буд, ки соли 1995 муяссар гардид. Инчунин, тавонистем расмиёти аз гумрук вобастаро анҷом бидиҳем, то ки Тоҷикистон дар татбиқи чанд аҳдномаву созишномаҳои дигари байналмилалӣ низ ширкат дошта бошад. Асноди мазкур дастури ҳамарўзаи кории гумрук асту масъулият талаб мекунад – масъулияте, ки ўҳда карданаш саҳлу осон нест. Зеро қонунгузории миллии мавҷударо бояд бо муқаррароташон мутобиқ созӣ, қонунгзории набударо бошад, таҳияву қабул намоӣ. Ва аз ҳама муҳим – фаъолиятро бояд ҷавобгў ба талаботашон ба роҳ монӣ. Хушбахтона, гумрук аз ўҳдаи ин кор баромад ва барои исботи хулоса ҳатто назари сатҳӣ ба санаду ҳуҷҷатҳои ҳамонзамона кофист.

3. Ҷангу беҳокимиятиро баъзе аз ашхоси худиву бегона фурсати мусоиде дарёфтанд барои берун бурдани сарватҳои кишвар, аз ҷумла мероси замони шўравӣ.

Масалан, ҷониби Ӯзбекистону Туркманистон ҳама амволи Идораи дарёнавардии осиёимиёнагии дар Омударё амалкунандаро байни худ тақсим карданд, ҳатто ҳамон қисматеро, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дошт. Амвол амволи оддӣ не – қаиқҳои боркаш, ба истилоҳ баржаҳо. Лозим омад ҳатто бо таҳдиди зўрӣ ҳаққи кишварамонро бозгардонем. Минбаъд ин намуди нақлиёт ҳатто дар баргардонидани мардуми гурезаамон истифода шуд.

Дар Мурғоб қасди талаву тороҷ ва ба хориҷа бурдани иншооту таҷҳизоти нодиру қиматбаҳои Пажуҳишгоҳи нурҳои осмоншиносиро пешгирӣ кардем.

Вале ҳадафи асосии афроди ҷиноятпеша қочоқи пахта буд. Мубориза бо онҳо ҳадду канор надошт ва ҳарбу зарби беамонро мемонд. Дар ҷавоб расмиёти иҷозатдиҳиро бо тарзу усулҳои иловагии назорат тақвият медодем, ҳодисаҳои қочоқро ошкор месохтем, маводҳои санҷиширо тибқи салоҳият ба мақомоти дигар пешниҳод менамудем, сафҳоямонро аз ашхоси тасодуфӣ пок мекардем. Танҳо соли 1995 зиёда аз 70 ҳодисаи қочоқи пахтаро тавонистем пешгирӣ намоем ва барои тафтиши маводҳои аз ин хусус пешниҳодкардаамон прокуратураву Вазорати амниятро ҳатто лозим омад гурўҳи махсуси кормандонро сафарбар бикунанд.

4. Гумрук ҳамон вақт ба маънои томаш гумрук аст, вақте ниҳодест мутамарказ, фаъолияташ фарогири тамоми ба истилоҳ қаламрави гумрукии кишвар ва муҷаҳҳаз бо шароиту воситаҳои дилхоҳи назорат. Бо 6 шуъбаву дидбонгоҳе, ки корро сар кардем, даъвои ин мартаба кардан норавост. Аз ин ҷост, ки корамон аз таҳияи сохтору таъсиси ҷузъу томҳои зарура шурўъ шуд.

Ҳамзамон, риояи шарти дигар ногузир буд: бояд мақомоти гумрук, сарфи назар аз макони таъиноташон, бо низоми ягонаву доимоамалкунандаи алоқа бо ҳам ва пеш аз ҳама бо дастгоҳи марказӣ пайваст мешуданд, то ки битавонанд тариқи мубодилаи маълумот интиқоли молу маводро таҳти назорат бигиранд ва дар ҳолати зарурӣ аз қочоқу қонуншиканиҳои дигар ҷилавгирӣ бикунанд. Инчунин, ташаккули саривақтии омори тиҷоративу хизматӣ ва ҳалли масъалаҳои дигари идоракунӣ  аз зумраи вазифаҳоест, ки низоми мазкур мебоист иҷро мекард.

Дар се давра дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои хориҷии тавонои соҳа тавонистем ин гуна низомро дар пояи технологияи муосир ба кор дарорем – низоми мухобиротии алоқаро, ки он замон ба ғайр аз гумрук ягон ниҳоди дигари назоративу қудратӣ надошт.

Низоми мазкур на танҳо самараву сифати кори гумрукро ба куллӣ дигаргуну беҳтар кард ва на танҳо мақомоти дигари давлатиро низ имкон дод аз он барои ҳалли таъҷиллии масъалаҳои фаъолияташон истифода бикунанд, балки дар баргардонидани гурезаҳоямон аз Афғонистон кўмак намуд.

5. Сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии мардум ва ноогаҳӣ аз фаъолияти ҳама гуна ниҳоду мақомот на ба нафъи давлат асту на ба нафъи ҷомеа. Дар мавриди гумруку сиёсати давлатии марбут ба он, чуноне таъкид кардам, мантиқи мазкур пешу беш аз ҳама равост.

Барои рафъи ин мушкилӣ рўзноманигорони соҳибтаҷриба ва ҳатто адибонро ба кор даъват намудем. Бо истифода аз маҳорату малака ва обрўву нуфузашон таваҷҷўҳи васоити ахбори умумро ба мавзўот роҷеъ ба гумрук ҷалб кардем ва бад-ин васила робитаи доимиро бо мардум ба роҳ мондем.

Ин усули кор ду ҷанбаи дигар ҳам дошт. Аввал ин ки имкон медод маҳорату малакаи ибратомўз байни кормандони ҳам худи мақомоти гумрук ва ҳам мақомоти дигари давлатӣ ташвиқу тарғиб бишавад, яъне моҳияташ ҳавасмандкунӣ буд. Сонӣ, тавонистем мардумро на танҳо бо дастоварду камбудиҳои корамон ошно бисозем, балки ба қувваҳое низ ишора бикунем, ки ба хотири ҳадафҳои нопок талош доштанд гумрукро дар итоати худ бубинанд ва бо ин мақсад нисбаташ маълумоти бардурўғи бадномкунанда паҳн мекарданд, то ки мардуму роҳбариятро ба иштибоҳ андозанд.

Метавон гуфт, ки маҳз ҳамин самти фаъолиятамон нагузошт дар бунбасти иттилоотӣ қарор бигирему дастовардҳоямонро таҳти хатар бимонем.

Роҳи ноҳамворе дошт гумрук.

Роҳи пур аз хавфу хатар…

Роҳи ҷасорату мардонагӣ, садоқат..

Роҳи умеду ноумедиҳо, барору нокомиҳо…Роҳи хунин…Роҳи зафар…

Фишору тазъиқ сараш тоқатшикан буд ва басо мешуд, ки гумон мекардӣ ихтиёрро дигар аз даст додааст ва мадору маҷоли таҳаммули ин ҳамаро надорад. Вале…Бо камоли самимият ва дарки масъулият назди наслҳои ҳам дирўз ва ҳам имрўзу фардо қарзи ахлоқии худ медонам бигўям: ҳама ин мушкилиҳо ҳеҷанд дар қиболи мушкилиҳое, ки Пешвои муаззами миллати ҷафокашидаи тоҷикро домангир буданд. Бо вуҷуд қафо нагашту наистод. Ба шарофаташ имрўз дар кишвар сулҳ асту сафо, садои тир дигар ба гўш намерасад, худсарӣ ва зулму истибдоди силоҳбадаст фароғати одамонро халалдор намекунад, тарсу ваҳм мардумро кайҳост раҳо карда. Маҳз шуҷоату ҷасорату қаҳрамонии Ўст, ки нагузошт ноумед бишавем, биафтему дигар нахезем, аз душвориҳо биҳаросем. Эмомалӣ Раҳмон. Меъмори давлату давлатдории тоҷикон. Садҳо собиқадори гумрук шоҳиданд: дар ҳоле ки ҳатто дар сатҳи роҳбарияти Ҳукумат қариб ҳама алорағми гумрук дом метанид, ягона касе, ки пуштибони гумрук буд, Ў буд. Гумруки раҳкушоро раҳкушо буд Сарвари давлатамон. Вагарна гумрук як рўз ҳам намепойид…

Ҷуз чанд нафаре, ки ба ивази садоқату масъулият тўъмаи ҷанг шуданд, дигар номи касе аз аҳли гумрукро дар ин порахотираҳоям нагирифтам. Хостам, вале натавонистам. Ҳаргиз на ба иллати қадрношиносӣ.  Пеши назарам чеҳраи ҷафокашидаи ҳамон 100 нафаре аз байнамон пайдо шуд, ки  дар фасли сармо ба сафи муҳофизони Давлату Ҳукумати қонунӣ пайвастанду дар минтақаи Ғарм дар муқобили мухолифин истодагарӣ карданд. Қариб ҳамаашонро сармо зад, бисёрашон то ҳанӯз ранҷи беморӣ мекашад. Воқеан ҳам, қаҳрамонанд – қаҳрамонони гумрук. Ва вақте аз гумрук ном мебарӣ, пеш аз ҳама бояд  маҳз номи ҳаминҳоро ба замон ориву дарҷ намоӣ. Коргари қатории гумрук ёдам омад. Ҳамоне, ки ному номусу нанг ва ҷуръату ҷасораташро ба намоиш нагузошт, хатари ҷону танашро таҳаммул кард, доманашро бо ризқи ҳаром олуда накард, ҳамоне, ки имрўз ба иллати синну солу заъфи хотир номашро ҳатто аксарамон дар ёд надорем. Пас, номи киро бигирам? Бигзор, ҳамаи онҳое, ки ҳатто зарраи хоке дар пойдевори гумрук гузоштаанд, қаҳрамони ин ёдномаро ба худашон нисбат бидиҳанд! Ҳаққи ҳалолашон аст.

Рўҳашон шод бод онҳоеро, ки гумруккушоиро ба қимати ҷон ихтиёр карданд!

30 – юмин солгарди таъсисёбии гумрук муборакатон бод ёрони раҳкушо!

Ид муборак онҳоеро, ки имрўз масъулияти гумрукро бар ўҳда доранд!

Худойқул ҲАМРОҚУЛОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *