Толеънома ( аз 1 то 8 декабр)

Ҳамал

Дар ин ҳафта корҳои саркардаатонро ба анҷом расонида наметавонед. Ба бемориҳое, ки гирифтор мегардед, онҳо фориғболии худатон сар мезананд. Камбудиҳои оилавӣ барои аксари ҳамалҳо мушкили асосӣ мегардад. Хастагии ҷамъшуда имкон намедиҳад, ки тамоми камбудиҳоро рафъ намоед. Андешаи он ки атрофиён озодиятонро маҳдуд кардан мехоҳанд, ғалат аст. Охири ҳафта аз моҷарову муноқиша худдорӣ намоед.

Савр

Зодагони бурҷи савр одати гузашт кардан надоранд ва бо якравияшон атрофиёнро ба шӯр меоранд. Мушкилиҳои ҷиддии кориро рӯзҳои душанбеву сешанбе ҳал накунед. Ба рубӯчини пурраи хона ва корҳои таъмирӣ низ машғул нашавед, беҳтараш дар вақтҳои холӣ истироҳат кунед. Маблағи хуб ба даст меоред, кӯшиш кунед, то онро беҳуда сарф накунед. Шиносоии рӯзи панҷшанбе ба вуқӯъомада дер давом намекунад. 

Ҷавзо

Қобилиятҳои кориятон паст гашта, дар ҷои кор дучори мушкилоти зиёд мегардед. Вақте он расидааст, ки истироҳат намуда, саломатиатонро барқарор созед. Аз вазъиятҳои моҷароангез дурӣ ҷустанатон беҳтар аст, вагарна асабатон харобу табъатон хира мегардад. Нимаи дуюми ҳафта вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Агар ба нафаре изҳори муҳаббат карданӣ бошед, ҳафтаи мазкур барои ин кор хеле мусоид аст.

Саратон

Аввали ҳафта фориғболӣ кардану ба ҷойи кор дер рафтанатон боиси қаҳру ғазаби роҳбарият мегардад. Нафароне, ки ба машрубот дил бастаанд, дучори мушкилиҳои зиёд мегарданд. Аз касе дастгириву кумакро интизор нашавед. Мушкилиҳои басаратономадаро мустақилона рафъ карданатон лозим меояд. Саломатии худро эҳтиёт кунед, бемориҳои дар ин ҳафта сарзада тӯлонӣ ва табобаташ душвор мегардад.

Асад

Дар ин ҳафта сари қарори муҳиме омадану бо касе муноқиша карданро маслиҳат намедиҳем. Бо корҳои оилавӣ машғул шуда, нақшаи корҳои минбаъдаро тартиб диҳед. Дар ҳама кор бодиққат бошед, хатари ба ғалат роҳ доданатон вуҷуд дорад. Нимаи дуюми ҳафта бо ҳар нафари ношинос дарди дил накунед. Саломатиятон баногаҳ нохуб гашта, бемориҳои куҳнаатон аз нав хурӯҷ мекунанд.

Сунбула

Нимаи аввали ҳафта аз сафару саёҳат дар дохили шаҳр худдорӣ намоед. Даромади пулиятон зиёд мегардад. Барои мулоқоти ошиқона ва вохӯрӣ бо дӯстон ҳафтаи хубест. Вақтҳои охир мушкилоти оилавӣ шуморо сахт ба изтироб оварда буд, вақте расидааст, ки аз пайи дигар корҳоятон шавед. Рӯзи ҷумъа ҳамсар ё шахси дӯстдоштаатон аз шумо кумаки молиявӣ мепурсад.

Мизон

Азбаски шумо табиатан ба ақидаи дигарон гӯш дода, амал мекунед, вақте он расидааст, ки мустақил бошед.  Дар ин рӯзҳо пулҳоятон тамом мешаванду нафаре аз дӯстону шиносҳо дар рафъи мушкилиҳо кумак расонида наметавонад. Минбаъд саломатиятонро беҳтар месозед, ба шарте ки бо одатҳои бад ба худ зарар нарасонед. Рӯзи панҷшанбе ҷиҳози худ ва ҳамёнатонро эҳтиёт кунед.

Ақраб

Ҳамкорон дар рӯятон механданду дар пуштатон ғайбат мекунанд. Ғайбатчиёнро бо насиҳату сухани хуш ба муросо даъват намоед. Айни замон ба муноқиша роҳ доданатон лозим нест. Кору ташвиши зиёд шуморо хаста мегардонад. Бештар истироҳат намоед, нимаи дуюми ҳафта барои пешгирӣ намудани бемориҳо ва гирифтани маҳси бадан созгор аст. Вазъи молиявиатон ин ҳафта рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Қавс

Аввали ҳафта хастагии рӯҳӣ шуморо мисоли лимӯи ҷабида бемадор месозад. Хеле муҳим аст, ки тарзи ҳаёти солимро риоя намуда, аз ғизои равғанин ва тунду шӯр худдорӣ намоед. Вақте расидааст, ки бо истеъмоли витамину меваҳо неруи худро барқарор созед. Аз ҳад зиёд бо мушкилоти шахсии худ машғул шуда, боиси ранҷиши наздикон мегардед. Эҳтимол риштаи дӯстиятон бо нафаре аз дӯстон канда мегардад.

Ҷаддӣ

Аввали ҳафта хуб мебуд, ки пурра бо кор машғул шавед. Мукофотпулии деринтизорро мегиред, роҳбарият аз кори шумо қаноатманд мегардад. Барои нафароне, ки бо тиҷорати шахсии худ машғул шудан мехоҳанд, ҳафтаи мусоид фаро мерасад. Ба баҳсу мунозираҳои пурмоҷаро роҳ надиҳед. Агар бо атрофиён муносибати хубро ба роҳ монед, ягон мушкилӣ пеш намеояд.

Далв

Дар ин рӯз дар миёни ҳамкорон нақши миёнаравро бозида, чанд нафарро ба мусолиҳа меоред. Муҳимаш  ба касе панду насиҳат нахонед, вагарна ҳарфи гуфтаатонро бар зидди худатон истифода мебаранд. Одати ба кори дигарон бинӣ халониданро партоед, дар акси ҳол ба ҳолатҳои пурмоҷаро афтида, худатон зарар мебинед. Баъзеҳо гирифтори рӯҳафтодагӣ гашта, касеро дидану шунидан намехоҳанд.

Ҳут

Нимаи аввали ҳафта аз сафарҳо худдорӣ намоед. Эҳтимоли ба садама гирифтор шуданатон зиёд аст. Барои вохӯриву мулоқоти ошиқона ҳафтаи мусоид фаро мерасад. Рӯзи чоршанбе нафаре сабаби фишори рӯҳиятон мегардад. Эҳтимоли ба даст омадани даромади пулӣ вуҷуд дорад, вале агар онро сарфакорона истифода набаред, зуд кисаҳоятон холӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *