Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толеънома аз 11 то 17 ноябри 2019

 Ҳамал

Дар давоми ҳафта уҳдадориву вазифаҳои муҳимро пурра ба анҷом расониданатон лозим меояд. Аксари корҳоятон бо пул алоқамандӣ доранду аз шумо диққати зиёдро талаб мекунанд. Бо вуҷуди асабӣ ва ғазаболуд будан аз ҳама гуна баҳсу мунозираҳо худдорӣ намоед, дар акси ҳол вақту қувваи худро беҳуда сарф мекунед. Нақши муҳимро дар комёбиҳоятон кордониву чолокии шумо мебозад. Нимаи дуюми ҳафта эҳтимоли шамол хӯрданатон дар назар аст.

Савр

Баъзе уҳдадориву вазифаҳои муҳим ба рафти корҳои оилавиятон таъсири худро мегузоранд. Мушкилиҳо зиёд мешаванд, вале шумо аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Агар аз  баъзе нақшаҳо даст кашидан лозим ояд, руҳафтодаву ғамгин нашавед. Баъзе ҳодисаҳо барои ҳаёти дигарон моҳияти муҳим доранд ва шумо набояд сади роҳи он шавед. Ҳафта дар ҳаёти шахсӣ ва ошиқонаи шумо лаҳзаҳои хотирмон ато менамояд. Ба бемориҳои музмин диққати бештар диҳед.

Ҷавзо

Ҳафта барои рушди корҳои молиявии шумо мусоидат мекунад. Бе кӯшиш ва заҳмати зиёд ба мақсад намерасед. Ҳама гуна макру ҳила ба кор намераванд. Дар давоми ҳафта мушкилоти саломатии яке аз пайвандонатон пеш меояд. Мушкилӣ дар он аст, ки хеши беморатон фармудаҳои табибонро иҷро намекунад. Дар ин ҳафта дар оилаатон навигариҳо, маъракаву вохӯриҳо зиёд мешаванд. Ҳафта барои баргузор намудани маъракаи ақди никоҳ ё тӯй созгор аст.

Саратон

Барои он ки ба гирдоби ғаму ғусса ғӯтавар нагардед, дар ин ҳафта аз ҳад зиёд содаву зудбовар нашавед ва аз нафарони дурӯяву дурӯғгӯ дурӣ ҷӯед. Вохӯриҳо бо дӯстони наву дерин пур аз эҳсосот мегардад. Мардони дар мучали саратон тавлидёфта аз ҳодисаҳои сарзада ба ҳайрат меоянд. Нақшаву ниятҳоятон тағйир меёбанд. Бонувони мучали саратон ба ҳар коре, ки дар давоми ҳафт рӯз даст мезананд, нағзакак санҷидаву оқибаташро андеша менамоянд.

Асад

Дар давоми ҳафта хабару иттилооти зиёде ба даст меоред, ки муҳимтарин ва муфидтаринашро бояд маҳфуз нигоҳ доред. Ин хабарҳо ба ҳаёти шахсӣ, оила ва касбу кори шумо вобастагӣ доранд. Хабарҳои аз ин муҳимтар ё ҳодисаҳои ҳафта бо ҳаёти иҷтимоии шумо алоқаманд аст. Дар давоми ҳафта ҳуҷҷати муҳими молиявӣ ё шартномаро ба имзо мерасонед. Аксарияти зодагони асад даромади иловагии худро тавассути сарчашмаҳои гуногун беҳтар месозанд.

Сунбула

Аз ҷониби ҳамкорон, мизоҷон ё ҳамсояҳоятон мавриди фиребу сӯистифода қарор гирифтан шуморо асабӣ мегардонад. Дар давоми ҳафта занги телефониеро интизор мешавед ва аз хабаре, ки дербоз интизораш будед, қаноатманд мегардед. Бонувони мучали сунбула бо дӯстдоштаи худ лаҳзаҳои хотирмонро сипарӣ менамоянд. Беморие, ки охири ҳафта ташвишатон медиҳад, зуд аз пайи табобаташ шавед, вагарна тӯл мекашад.

Мизон

Аз шунидани хабарҳои нохуше, ки дар ҳаёти пайвандон ё дӯстонатон рух медиҳад, ғамгин мегардед. Агар сади роҳи ҳодисаҳои сарзада нагардед, имконияти пешравии касбу коратон фароҳам меояд. Дар давоми ҳафта уҳдадориҳоро дар назди нафаре бе таваққуф ва ҳилаву найранг ба анҷом бояд расонед. Ҳодисаҳои ҳаёти гузашта  бори дигар сабаби ғамгинӣ ва ашк рехтани шумо мегардад. Мардони мучали мизон кӯшиш мекунанд зарари молиявии сарзадаро бартараф созанд.

Ақраб

Душвориҳои ҳафта ба ҳолати руҳии шумо бе таъсир намемонад, асабиву ҳассос ва бадҷаҳл мешавед. Дар ин ҳолатҳо кӯшиш намоед, ки  зараратон ба дигарон нарасад. Пешниҳоду даъватномаҳоро рад накунед. Бадкирдориҳои нафареро, ки яке аз ҳамкорони шумо муайян месозад, одамшинос набудани шуморо бори дигар собит месозад. Мардони мучали ақраб хабару ҳодисаҳои нохушро дар бораи шиноси худ шунида, ғамгин мегарданд.

Қавс

Шумо бояд нақшаи хароҷоти худро, ки охири ҳамин моҳ сурат мегирад, тартиб диҳед. Дар давоми ҳафта бо кори иловагӣ машғул шуда, сарчашмаҳои нави даромадро пайдо намоед. Муносибатҳои оилавии шумо муътадил сурат гирифта, барои сари қарори муҳиме омадан маълумоти кофӣ ба даст меоред. Аз ҳузури нафарони хушчақчақ нерӯ мегиред. Ба муноқишаҳо роҳ надиҳед, беҳтараш роҳҳои дигари ибрози ақидаро интихоб намоед.

Ҷаддӣ

Дар ин ҳафта вазъи молиявиатон ба шарте хуб ҷараён мегирад, ки хароҷоти пулии худро ба нақша гирифта тавонед. Агар нияти насия  гирифтанро дошта бошед, ҳафта барои ин кор мусоид аст. Дар хонаатон ҳодисаи хуше рух медиҳад. Ҳафта барои саёҳат ё ба хонаи дигар кӯчидан мусоидат мекунад. Мардони мучали ҷаддӣ ба саломатии худ диққати ҷиддӣ дода, баъзе нишонаҳои бемориро аз мадди назар набояд дур гузоранд. Бонувон ба кӯмаку дастгирии дигарон умед мебанданд.

Далв

Уҳдадориҳои касбиву корӣ, вохӯриҳо ва кор бо ҳуҷҷатҳо зиёд мегарданд. Ҳафта барои пайдо намудани ҷои нави корӣ мусоид аст. Дар давоми ҳафта хабари тавлидёбии тифлро мешунавед. Саломатии худро аз ҳама гуна инфексия, вирус ва корҳои ҷисмонӣ ҳифз намоед. Хабару иттилооти аҷиб мешунавед. Асабонияту фишори руҳие, ки дар давоми ҳафта сар мезанад, бо сабаби он аст, ки шумо аз чӣ гуна сурат гирифтани зиндагии ояндаи худ дилпур нестед.

Ҳут

Дар ин ҳафта вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Танҳо бо корҳое машғул шавед, ки аз уҳдааш баромада метавонеду барояш вақту имконият доред. Мардони мучали ҳут вақти бештари худро дар оила мегузаронанд. Бонувон аз баъзе ҳодисаҳои ҳафта дилгиру руҳафтода мешаванд. Аз робита бо нафароне ки ба шумо майл доранд, дурӣ наҷӯед. Танҳо бо сабабе, ки мушкилиҳои зиёде ба дӯшатон бор гардидааст, гӯшанишин нагардед.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.