Толеъномаи ҳафта (аз 25 ноябр то 1 декабр)

Ҳамал

Рӯзи душанбе чанд мушкилиро бартараф сохтан муяссар мегардад.  Рӯзи сешанбе подоши амалҳои неки худро мебинед. Рӯзи чоршанбе фирефтаи пешниҳодҳои дилфиреб нашавед. Рӯзи панҷшанбе ба хароҷоти ногаҳонӣ омода бошед. Охири ҳафта ба саломатии худ диққат диҳед, дар ин рӯзҳо бо осонӣ гирифтори ҳама гуна бемориҳои сироятӣ шуда метавонед. Рӯзи якшанбе барои нафарони муҷаррад бобарор аст, эҳтимол дар ин рӯз бахти худро пайдо месозед.

Савр

Аз нақшаву лоиҳаҳои худ дигаронро огаҳ насозед, вагарна бадхоҳон аз бовариятон суиистифода мебаранд. Ҳалли масъалаҳои муҳимро то ҳафтаи дигар мавқуф гузоред, эҳтимол нуқтаи назари шумо оиди мушкилоти сарзада баъди чанд рӯз тағйир меёбад. Рӯзи душанбе бо наздикони худ муноқиша мекунед, хусусан бо нафарони калонсоли оилаатон. Рӯзи сешанбе ваъдаҳои додаи худро бояд иҷро намуда, ба маслиҳати нафарони таҷрибадор гӯш андозед. Рӯзи чоршанбе ҳама гуна шартномаҳоро ҷасурона ба имзо расонида метавонед.

Ҷавзо

Рӯзи душанбе аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед, кореро, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред ва аз фаҳмиши худ бештар сухан накунед. Рӯзи сешанбе хуб оғоз меёбаду бад анҷом меёбад ва баръакс, хеле вазнин оғоз ёфта, анҷомаш нек мегардад. Рӯзи чоршанбе ба вазъи рӯҳиятон таъсири номусоид мерасонад. Бо наздикони худ муноқиша накунед, корро бо ҷангу ҷанҷол нарасонед, босабру ботаҳаммул бошед. Охири ҳафта эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад.

Саратон

Тамоми кӯшишу ғайрати худро барои беҳтар сохтани вазъи иҷтимоӣ равона созед. Агар дар кори ҷиддие тасаввурот надошта бошед, кӯшиш мустақилона рафъ кардани онро накунед. Рӯзи душанбе эҳтимоли он ки ҳафта бо муноқиша оғоз меёбад, хеле зиёд аст. Рӯзи сешанбе қабл аз хона баромадан пойафзоли худро аз назар гузаронед. Чоршанбе барои мулоқоти ошиқона ва изҳори муҳаббат созгор аст. Рӯзи панҷшанбе барои гузаронидани корҳои гуногуни таҳқиқотӣ мусоид аст.

Асад

Ҳодисаҳои басаратономадаро нағзакак таҳлил намоед. Вазъиятро ҳамаҷониба омӯхта, сари қарори муҳим омаданатон лозим аст. Ба эҳсосоти худ имкон надиҳед, ки ба фаъолияти касбиятон таъсир расонад, айни замон ин мушкили асосии шумо маҳсуб меёбад. Тамоми ҳафта ҳангоми кор бо оташ ва таҷҳизоти барқӣ эҳтиёт шавед. Рӯзи сешанбе дар коре шитобкорона розигӣ надиҳед, вагарна ғалату оқибатҳои ногувор сар мезанад.

Сунбула

Дар ин ҳафта бо сабаби ба эҳсосот дода шуданатон ба ғалату камбудиҳои зиёде роҳ медиҳед. Вале имкони рафъ намудани лаҳзаҳои ногувор ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Боэҳтиёт бошед, аз нафарони ношинос ва нафароне, ки хеле хуб мешиносед, туҳфа нагиред. Рӯзи панҷшанбе шуморо дар коре гунаҳкор месозанд, ки ҳеҷ гоҳ ба он даст назадаед. Агар шумо бемор бошеду нияти ҷарроҳӣ карданро дошта бошед, рӯзи шанбе барои амалиётҳои тиббӣ мусоид нест.

Мизон

Дар ин ҳафта аз ҳамкорӣ бо собиқ душманон ва рақибони худ бурд мекунед. Нафароне, ки маъшуқаи пинҳонӣ доранд, рӯзи сешанбе ба мулоқоти ошиқона рафтан боиси фош гаштани сиратон мегардад. Рӯзи панҷшанбе ҳам дӯстон ва ҳам душманонро ба худ ҷалб карда метавонед. Ҳодисаҳои ногаҳоние, ки рӯзи ҷумъа сар мезананд, боиси муноқишаи калон дар хона мегардад. Рӯзи якшанбе ба касе ваъдаи бемулоҳиза надиҳед.

Ақраб

Кору мушкилии зиёде, ки дар ин ҳафта пайдо мешавад, ба фоидаи шумо аст. Дар танҳоӣ аз уҳдаи ҳама кор баромада наметавонед, нафаре ба шумо дасти кумак дароз мекунад. Рӯзи душанбе барои тиҷорат ва робитаҳои корӣ бобарор аст. Нафароне, ки мошин меронанд, рӯзи сешанбе дар роҳ дучори мушкилиҳо мегарданд. Рӯзи панҷшанбе сангҳои қиматбаҳо ва тилловорӣ нахаред. Тамоми орзуҳоятон рӯзи ҷумъа ҷомаи амал мепӯшанд.

Қавс

Ба пешниҳодҳои корие, ки дар ин ҳафта аз шиносону наздикон қабул мекунед, асабӣ нашуда, назар намоед.  Рӯзи сешанбе бо нафарони воломақом вохӯрӣ имконпазир аст. Чоршанбе барои муошират рӯзи мусоид нест. Дар ин рӯз бо нафаре муноқиша карданатон имконпазир аст. Рӯзи панҷшанбе ба эҳсосот дода нашавед. Рӯзи ҷумъа кори муҳимеро фаромӯш мекунед. Рӯзи шанбе хабари хушу ногаҳонӣ мешунавед.

Ҷаддӣ

Рӯзи душанбе барои ба даст овардани дили атрофиён каме вақтатонро сарф мекунед.  Аз шиносоӣ дар рӯзи сешанбе худдорӣ накунед, дар ин рӯз аз ин робита фоида ба даст меоред. Ба ваъдаи нафарони бегона бовар накунед, шуморо фиреб кардан мехоҳанд. Агар имкон бошад, сафари кориро дар рӯзи панҷшанбе ба таъхир гузоред. Рӯзи ҷумъа бо ҳамкорони худ муноқиша накунед. Ҳодисаҳои ногуворе, ки рӯзи шанбе сар мезананд, ба зудӣ рафъ мегарданд.

Далв

Дар ин ҳафта ба корҳое даст мезанед, ки баъдан боиси пушаймониятон мегардад. Сиру асрори пинҳониятон фош мегардад. Ба рафтори худ диққат диҳед, аз чаҳорчӯбаи одоб берун нашавед, он гоҳ оқибатҳои нохушро пешгирӣ карда метавонед. Рӯзи душанбе ба ғалатҳое роҳ медиҳед, ки ислоҳ карданаш имконнопазир мегардад. Рӯзи панҷшанбе нафароне пайдо мешаванд, ки шуморо асабонӣ намуда, нақшаҳоятонро халалдор месозанд.

Ҳут

Андешаи солим ва зеҳни тез дар бартараф намудани мушкилоти зиёде кумак мерасонад. Рӯзи душанбе ҳангоми дар роҳи мошингард қарор доштан эҳтиёткориро пеша намоед. Беҳтараш дар ин рӯз аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода набаред. Нафарони муҷаррад бо шахси роҳдур шинос мешаванд. Рӯзи чоршанбе эҳтимоли аз даст додани маблағи калон вуҷуд дорад. Рӯзи ҷумъа бо роҳбарияти худ муноқиша накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *