Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толеъномаи ҳафта

Ҳамал

Дар ин ҳафта аз бепарвоиву дурӯягии нафаре рӯҳафтода мешавед. Бадгӯиеро нисбати худ ва оилаи худ шунида, табъатон хира мегардад. Дар давоми ҳафта зимни робита бо ҳамкороне, ки барои ба мақсад расидан ба ҳама кор қодиранд, худро ба даст гиред. Дар ҳаёти шахсӣ лаҳзаҳое мешаванд, ки беҷуръатӣ ё дудилагӣ зоҳир менамоед. Нафароне, ки кайҳо боз бо шумо дидорбинӣ накардаанд, ба алоқа мебароянд. Дар ин рӯзҳо хароҷоту даромади пулии худро назорат намоед.

Савр

Дар ҳафтаи нав уҳдадориву корҳоятон зиёд мешавад. Барои анҷом додани корҳоятон вақту неруи зиёд сарф мегардад. Кӯшиш ба харҷ медиҳед, ки мушкилиҳои ҳалношударо рафъ намоед. Нисбати молу амволе, ки доред, диққату ғамхории бештар зоҳир менамоед. Бонувоне, ки дар мучали савр тавлид ёфтаанд, то кадом андоза муҳим будани ҳодисаҳоеро, ки дар давоми сол аз сар гузаронидаанд, эҳсос менамоянд. Мардони мучали савр ба ояндаи худ назари нек доранд.

Ҷавзо

Шуморо ҳафтае интизор аст, ки рафтору кирдори худро бояд дар тарозуи ақл баркашед. Дар давоми ҳафта бо дӯстони худ бештар дар робита бошед ва дар ҳолатҳои зарурӣ дасти ёрӣ дароз кунед. Рӯҳафтодагии шумо бо сабаби дарки он пайдо мешавад, ки баъзе орзуҳоятон амалишаванда нестанд. Бонувони мучали ҷавзо сабабгори муноқиша мешаванд. Бо нафароне, ки дар мучалҳои ҳамал, асад ё қавс тавлид ёфтаанд, бо душворӣ забон ёфта метавонед.

Саратон

Дар ин ҳафта нақшаи уҳдадориҳои худро барои охири сол тартиб медиҳед. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад, аксари зодагони мучали мазкур дар ин ҳафта пул ба даст меоранд. Дар ҳаёти шахсӣ нисбати ёри худ поквиҷдон бошед. Аз қаҳру ғазаб худдорӣ намоед. Ҳодисаҳое, ки дар ҳаёти як шиносатон рух медиҳад, барои шумо дарси ибрат мегардад. Аз муносибатҳои шумо бо зодагони мучалҳои ҳут, саратон ва ақраб бурдбориву бебарориҳоятон вобастагӣ дорад.

Асад

Ҳафта барои пешравии касбу кор ё тиҷорати шахсӣ хеле бобарор аст. Зуд-зуд эҳсоси хастагӣ ё бехобӣ кашиданатон бо сабаби ҳодисаҳои зиёди ҳафта сар мезанад. Ҳатман барои истироҳати бофароғат ва ғизои солим вақт ҷудо намоед. Дар давоми ҳафта ҷашни муҳимеро дар зиндагии шахси дӯстдоштаатон қайд мекунед. Бонувони мучали асад аз гап ё рафтори дурӯғини шахсе, ки нисбаташ эҳтиром доштанд, ба ҳайрат меоянд. Мардони мучали асадро бурдборӣ интизор аст.

Сунбула

Ҳодисаҳое, ки дар ҳаёти пайвандонатон рух медиҳад, ба зиндагии шумо низ бе асар намемонад. Эҳтимол на ҳама ба андозае, ки шумо мехоҳед, кор кардан мехоҳанд, вале ба бетоқатӣ, асабоният ва қаҳру ғазаб роҳ надиҳед. Чизҳои шахсии худро, аз қабили ҳуҷҷатҳо ё почтаи электронӣ аз чашми дигарон эҳтиёт кунед. Ҳузури зане дар ҷои кор ба рафти корҳоятон таъсири мусбӣ мерасонад. Дар давоми ҳафта сари қарорҳое омаданатон лозим меояд, ки аз шумо неру ва асаби оромро талаб менамоянд.

Мизон

Дар ин ҳафта кӯшиши ҳодисаҳоро ба хости дили худ тағйир доданро накунед. Маслиҳат ё кумаке, ки дар давоми ҳафт рӯз мегиред, бароятон даркор мешавад. Агар аз уҳдаи коре баромада натавонед, онро ваъда надиҳед. Муноқишаҳое, ки дар ин ҳафта сар мезананд, бо сабаби асабоният ва дудилагии шумо рух медиҳанд. Шумо аз гапу кори гуфтаву кардаи худ пушаймон мешавед. Ба вазъи саломатӣ диққат доданатон лозим меояд. Ҳафта барои сафару саёҳат созгор аст.

Ақраб

Дар ин ҳафта бо қабулу гусели меҳмонҳо машғул мешавед. Ҳар хабару овозае, ки мешунавед, бароятон даркор мешавад. Ташвишу хавотириро ба дил роҳ надиҳед. Дар давоми ҳафта хабари муҳимеро мешунавед, ки ба вазъи молиявиатон алоқамандӣ дорад ё пул ба даст меоред. Бонувон бо ҳуҷҷатҳои вобаста ба пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ машғул шуданашон лозим меояд. Мардони мучали ақраб ҳассосу зудранҷ ва хафа мегарданд.

Қавс

Ҳодисаҳои зиёде, ки дар ин ҳафта рух медиҳанд, шуморо водор месозанд нақшаҳои худро барои рӯзҳои наздик тағйир диҳед. Дар давоми ҳафт рӯз шумо муносибати худро нисбати баъзеҳо тағйир медиҳед. Баҳсу мунозираҳое, ки дар ин ҳафта рух медиҳанд, бо сабаби бетоқатии шумо сар мезананд. Ҳафта барои сафар ва робита бо нафароне, ки аз шумо дур умр ба сар мебаранд, созгор аст. Шумо занги телефонӣ ё ҳуҷҷатеро интизор мешавед.

Ҷаддӣ

Дар маъракаву маросимҳои оилавӣ ва ҷашни зодрӯзи наздикон ширкат варзида, табъи худро болида месозед. Дар давоми ҳафта бештар бо нафароне дар робита мешавед, ки касбу кори якхела доред. Бонувони мучали ҷаддӣ бо марде аз оилаи худ ё аз доираи хешовандон суҳбати муҳим мекунанд. Гап дар бораи масъалаҳои гуногун меравад, ки бо пул ва ҳуҷҷат алоқамандӣ дорад. Барои мардони мучали ҷаддӣ ҳафтаи сайру саёҳат аст.

Далв

Дар ин ҳафта бояд хоҳиш ё маслиҳати нафареро, ки ҳамроҳаш кор мекунед, ба инобат гиред. Мушкилоти оилавии шумо дар давоми ҳафт рӯз зиёд мешавад. Қабл аз он ки чизеро ваъда медиҳед, андеша намоед, ки аз уҳдааш мебароед ё не. Бемориҳои сарзада табъатонро хира месозад. Ба ёди нафароне, ки дар қайди ҳаёт нестанд, андуҳгин мегардед. Бонувон мучали далв аз рафтори нафароне, ки даст ба дуздӣ зада, дигаронро таҳқир мекунанду истифода мебаранд, ба шӯр меоянд.

Ҳут

Барои ба анҷом расонидани уҳдадориҳои худ масъулияти бештар бояд эҳсос намоед. Ҳафта барои анҷом додани мурофиаҳои судӣ созгор аст. Дӯстону пайвандони роҳдур аз шумо кумаку дастгирӣ мехоҳанд. Бонувон барои кор ё тиҷорат неруи зиёд сарф намуда, бурд мекунанд. Дар идораҳои давлатӣ бо нафарони дурӯя ё бадҷаҳл рӯ ба рӯ мегардед. Мардони мучали ҳут ҳангоми робита ва гуфтугӯ бо афроде, ки бо тундмиҷозӣ ном баровардаанд, бояд худро ба даст гирифта тавонанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.