Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толеъномаи ҳафтаи 51

Ҳамал

Дар ин ҳафта зодагони мучали ҳамал дар назари атрофиён сарду камгап ва ҷиддӣ менамоянд. Бо фориғболии худ нафареро, ки ба муҳаббату дастгирии шумо ниёз дорад, меранҷонед. Дар ҳаёти шахсӣ ва робита бо ҳамсафари ҳаётӣ нофаҳмӣ сар зада, кор бо муноқишаву ҷанҷол анҷом меёбад. Баъзеҳо имкони дар вазифа боло рафтанро пайдо месозанд.

Савр

Рӯзи душанбе имкони бо нафарони воломақому соҳибвазифа наздик шуданро пайдо мекунед. Сешанбе барои оғози сохтмон ва таъмири хона созгор аст. Рӯзи панҷшанбе аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, бо сабаби беэҳтиётии дигарон ҷароҳат бардоштанатон имконпазир аст. Охири ҳафта аз пайи беҳдошти саломатӣ шавед.

Ҷавзо

Рӯзи душанбе бо мубодилаи асъор ва рафъ намудани масъалаҳои молиявӣ машғул нашавед. Рӯзи сешанбе хоби нороҳат сабаби пайдо шудани дарди мушакҳои гардан мегардад. Рӯзи чоршанбе ҳангоми сафар намудан бо нақлиёт дар роҳ дучори мушкилиҳо мегардед. Рӯзи ҷумъа кореро, ки аз уҳдааш баромада наметавонед, ба душ нагиред.

Саратон

Рӯзи душанбе дар касбу кор ва тиҷорат навгониҳои гуворо рух медиҳанд. Корҳои рӯзи чоршанбе ба нақша гирифтаатон бобарор анҷом меёбанд. Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, бадхоҳон аз бовариятон истифода мебаранд. Серкории аз ҳад зиёд боиси нотоб гаштанатон мегардад.

Асад

Табъи хуши шумо барои нафароне, ки аз ҳазлу  зарофат дуранд, таъсири асабхаробкунанда мерасонад. Ба эҳсосот дода нашавед , вагарна ба ғалатҳои бузург роҳ медиҳед. Аввали ҳафта худро аз ҳад зиёд хаста нагардонед. Мабалғи пулӣ ба даст меоред, вале хароҷотатон зиёд мегардад. Охири ҳафта аз хӯроки шабмондаву бесифат бемор шуданатон эҳтимол дорад.

Сунбула

Рӯзи душанбе ҳангоми кор бо ашёҳои нӯгтез эҳтиёт шавед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Рӯзи сешанбе барор ҳамсафаратон мегардад. Рӯзи чоршанбе пурмоҷаро меояд, аз ин рӯ, аз пайи саломатӣ шавед. Барои он ки фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур намоед, шоми ҷумъаро дар танҳоӣ гузаронед, танҳо бо ҳамин роҳ руҳафтодагиро аз худ дур сохта метавонед.

Мизон

Рӯзи душанбе хароҷоти калон мекунед. Рӯзи сешанбе ба касе пул қарз надиҳед, вагарна пули худро дигар ҳеҷ гоҳ баргардонида наметавонед. Нафаре, ки ба шумо бадӣ кардан мехоҳад, рӯзи панҷшанбе ба мақсад мерасад. Ҳодисаҳои ногаҳонӣ рӯзи ҷумъа сабабгори муноқиша дар хонаи шумо мегардад. Рӯзи якшанбе нури чашми худро эҳтиёт кунед.

Ақраб

Аввали ҳафта пешравӣ дар масъалаҳои молиявӣ аз тарзи фикрронии шумо вобастагӣ дорад. Рӯзи чоршанбе нури чашми худро эҳтиёт карда, дар утоқҳои нимторик китоб мутолиа накунед, назди компютер ва телевизор вақти зиёди худро сарф насозед. Нафароне, ки мошин доранд, рӯзи панҷшанбе дучори мушкилиҳо мешаванд.

Қавс

Барои баъзе тағйиротҳои молиявӣ ва мавқеи иҷтимоии худ омода бошед. Шумо подоши амалҳои некатонро, ки замоне барои дигарон анҷом дода будед, мебинед. Ба атрофиён имкон надиҳед, ки озодии шуморо маҳдуд намоянд ва пешниҳодҳои дилфиреби дигаронро қабул накунед. Рӯзи чоршанбе хароҷот карданатон имкон дорад.

Ҷаддӣ

Аввали ҳафта мушкилоти зиёде сар мезанад, ки ба касбу кори шумо алоқамандӣ дорад. Танбаливу фориғболӣ рӯзи сешанбе тамоми дастовардҳоятонро барбод медиҳад. Рӯзи панҷшанбе бо сабаби фаромӯшхотирӣ ҳодисаи муҳимеро бо душворӣ ба ёд меоред. Муноқишае, ки чанд сол қабл ба саратон омада буд, бори дигар аз худ дарак медиҳад.

Далв

Кӯшиши ба дигарон кӯмаку дастгирӣ карданатон боиси он мегардад, ки баъзеҳо ба гарданатон савор мешаванд. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Нимаи дуюми ҳафа бо наздикони худ дағаливу низоъ накунед, босабру таҳаммул бошед. Рӯзи панҷшанбе барои харидорӣ намудани мошин рӯзи бобарор аст.

Ҳут

Тағйиротҳои ногаҳонӣ сабабгори аз даст додани маблағи зиёдатон мегардад. Рӯзи душанбе дар касбу кор ба ғалат роҳ надиҳед. Рӯзи сешанбе  кӯшиши амалӣ кардани ҳама корро накунед. Нофаҳмиҳои оилавӣ бо сабаби нобоварӣ ва бо якдигар самимӣ набуданатон сар мезанад. Кӯшиши намоед, ки муноқишаҳои оилавӣ ба касбу коратон таъсир нарасонад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.