Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толеъномаи ҳафтаи 52 (23 то 29-уми декабр)

Ҳамал

Нимаи аввали ҳафта бароятон бебарор аст. Нимаи дуюми ҳафта вохӯриву мулоқотҳои муҳимро ҷасурона ба анҷом расонед. Дар зиндагиятон тағйиротҳо рух медиҳанд. Ҳафта барои ба даст овардани даромади пулӣ созгор аст, вале хароҷотро кам кунед. Барои харидани туҳфа тамоми захираи худро сарф накунед.

Савр

Мушкилиҳои ягонае, ки дар ин ҳафта сар мезананд, бо камбудиҳои рӯзгор алоқамандӣ доранд. Дар масъалаҳои дигар чизе ташвишатон намедиҳад. Нафаронеро, ки ба кӯмак ниёз доранд, ба қадри имкон дастгирӣ намоед. Нисбати оилаи худ таваҷҷуҳи бештар намуда, меҳрубон бошед.

Ҷавзо

Дар ин ҳафта хеле серкор мешавед, як қисми уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор кунед. Айни замон шумо ба истироҳат ниёз доред. Нақшаи чӣ гуна пешвоз гирифтани идҳои солинавиро кашиданатон лозим аст. Ҷашни имсола бароятон хотирмон мегардад.

Саратон

Ҳодисаҳоеро, ки аз сар заданаш ҳарос доштед, бо вуҷуди эҳтиёткориҳоятон рух медиҳад. Худро ба даст гирифта, ором бошеду воҳима накунед. Корҳоятон хеле зиёд мешавад, барои кору ташвиши хона вақт намеёбед. Дар ин ҳафта натиҷаи заҳмати яксолаи худро мебинед.

Асад

Нафароне, ки вақтҳои охир пайваста дучори нобарорӣ мешуданд, аз  давраи душвору мушкилиҳо раҳоӣ меёбанд. Барои ба даст овардани маблағи хуб дар ҷодаи касбу кор аз таҳти дил фаъолият карданатон лозим аст. Ба нафароне, ки хуб намешиносед, бовар накунед ва аз нақшаву ниятҳоятон хабар надиҳед.

Сунбула

Дар ин ҳафта робитаатон бо яке аз наздикон гусаста мегардад. Ҳодисаи рухдода нигоҳи шуморо ба зиндагӣ тағйир медиҳад. Дар касбу кор тағйиротҳои куллӣ рух медиҳанд. Ҳамкори нав пайдо мекунед ё нафаре аз шарикони корӣ ба шумо изҳори муҳаббат мекунад.

Мизон

Дар роҳи ҳақиқат ҳамфикрону нафарони баҷуръат ҳамқадаматон мегарданд. Истироҳатро фаромӯш накунед. Бо дӯстон дидорбинӣ намуда, бо калонсолони оила робитаи зич намоед. Фарорасии идҳои солинавиро фаромӯш накунед, барои омодагӣ ба ҷашн вақт ҷудо намоед.

Ақраб

Дар ин ҳафта мисоли кӯдакон инҷиқӣ карданро бас кунед. Хусусан нафароне, ки барои калонсолону хурдсолони оилаи худ ҷавобгаранд, дар ин ҳафта бояд рисолати худро фаромӯш насозанд. Бонувони муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз интизор аст, имкони мусоидро аз даст надиҳед.

Қавс

Зодагони мучали қавсро лозим меояд, ки дар хонаву ҷои кор масъулияту ташаббусро ба даст гиранд. Ҳатто дар корҳои эҷодӣ низ бояд рисолати худро давом диҳед. Душвориҳои сарзадаро бо дастгирии наздикон рафъ месозед. Охири ҳафта хабари хушро интизор бошед.

Ҷаддӣ

Зодагони мучали ҷаддӣ лоиҳаҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки вақту қувваи зиёдеро барои он сарф карда буданд. Ҳар ҳодисае, ки дар хонаатон сар мезанад, табъатонро болида месозад. Муноқишаи калонеро пешгирӣ карданатон имконпазир аст. Бо ҳамсояи наздик муноқиша карданатон эҳтимол дорад.

Далв

Нисбати наздикон ва шахси дӯстдоштаатон хунсардона рафтор накунед. Ҳодисае рух медиҳад, ки муносибати шуморо бо аҳли оила зичтар месозад. Агар мушкилеро мустақилона рафъ сохта наметавониста бошед, аз нафарони дилпур ва ботаҷриба кӯмак пурсиданатон лозим меояд.

Ҳут

Ҳар хабару маълумотеро, ки мешунавед, то кадом андоза дуруст буданашро нағзакак санҷида бароед, хусусан ба ҳарфи нафарони ношинос эътимод накунед. Нафаре муносибати шуморо бо наздикон вайрон сохта метавонад. Аз фарорасии идҳои солинавӣ табъатон болида мегардад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.