Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толеъномаи ҳафтаи аввали соли 2020

Ҳамал

Диққати худро барои ба даст овардани маблағи пулӣ ва ҷиҳатҳои дигари молиявии ҳаёти худ равона сохта, оромиву хобро фаромӯш месозед. Бо сабаби он ки дар пеш хароҷоти калон доред, хеле руҳафтода гашта, чӣ кор карданро намедонед. Баъзеҳоро лозим меояд, ки қарзи худро фавран баргардонанд.

Савр

Кӯшиш намоед, ки гармохунук нашавед ва мувофиқи вазъи ҳаво либос ба бар намоед. Дар ин ҳафта эҳтимоли нотоб шудану сар задани бемориҳои узвҳои нафас ва бемориҳои музмин вуҷуд дорад. Шуморо лозим аст, ки дар ҳафтаи мазкур бештар гӯшт истеъмол намуда, аз нӯшидани машрубот худдорӣ намоед.

Ҷавзо

Тамоми ҳафта бо масъалаҳои вобаста ба даромади пулӣ машғул мешавед. Рӯзи чоршанбе барои харидорӣ намудани ҷиҳози хона созгор аст. Аз касбу кори худ даромади хуб ба даст меоред. Ба дӯстдоштаи худ чӣ қадар даромади пулӣ доштанатонро фош насозед. Дар ин рӯзҳо ба ҷашну маъракаҳо рафтан тавсия дода намешавад.

Саратон

Зодагони мучали саратон нимаи аввали ҳафта ба баҳсу мунозира роҳ доданашон лозим нест. Ҳар қадаре хомӯш бошеду оромиро риоя намоед, ҳамон андоза аз муноқишаҳои зиёде раҳо меёбед. Имтиёзу афзалиятҳои худ ва фикру андешаҳоятонро ба сари дигарон бор накунед. Шарт нест, ки бо атрофиён баҳс карда, ҳақ будани худро собит намоед.

Асад

Нимаи аввали ҳафта робитаатон бо шиносону дӯстон қавӣ мегардад. Мутаассифона хабаре, ки аз онҳо мешунавед, табъатонро болида намесозад. Эҳтимол шумо ба моҷарое ҳамроҳ мешавед, ки комилан ба он иртибот надоред. Саломатиятон хуб аст, вале агар бемориҳои ирсӣ дошта бошед, эҳтимоли нотоб шуданатон вуҷуд дорад.

Сунбула

Нимаи аввали ҳафта бо сабаби хароҷоти калон доштанатон ба маблағи пулӣ эҳтиёт пайдо мекунед. Ҷашну маъракаҳои зиёд вазъи молиявиатонро душвортар месозад. Монеаҳои сарзада имкон намедиҳанд, ки нақшаҳои худро амалӣ созед. Нимаи дуюми ҳафта барои сафарҳои дилхушкунанда ва мулоқоти ошиқона созгор аст.

Мизон

Нимаи аввали ҳафта зимни робита бо роҳбарият ва намояндагони ҳукумат дучори мушкилиҳо мегардед. Эҳтимол шумо дар масъалаҳое ташаббус нишон додан мехоҳед, ки  басалоҳияти шумо дахл надоранд. Дар ин ҳафта ба коре, ки аз шумо иҷро карданашро талаб намекунанд, даст назанед. Ташаббус нишон доданатон дар ин рӯзҳо лозим нест.

Ақраб

Зодагони мучали ақрабро лозим аст, ки зимни ҳаракат дар роҳ боэҳтиёт бошанд. Риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ оқибати нохуш ба бор оварда метавонад. Дар давоми ҳафта ба кори ғайриқонунӣ даст заданатон имконпазир аст, аз ин кор худдорӣ намоед. Мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи якшанбе гузоред.

Қавс

Аз аввали ҳафта сар карда, бо мушкиливу камбудиҳои хона машғул шавед. Нафароне, ки нақшаи харидани хонаро доранд, ҳафта барояшон мусоид аст. Аксари зодагони мучали қавс хоҳиши иваз намудани ҷои зистро мекунанд. Хатари ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст, ҳангоми истифода аз воситаҳои техникӣ эҳтиёткор бошед.

Ҷаддӣ

Дар ин ҳафта ҳангоми амалӣ сохтани ташаббусҳои худ дучори монеаҳо мегардед. Ин гуфта ҳам ба муносибатҳои оилавӣ дахл дораду ҳам фаъолияти касбӣ. Эҳтимол шуморо лозим аст, ки аз зиёд росткорӣ накунеду ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Охири ҳафта то кадом андоза самимӣ будани дӯстони худро муайян месозед.

Далв

Зодагони мучали далв дар муҳити корӣ дучори мушкилиҳо мегарданд. Эҳтимол аз уҳдаи баъзе масъалаҳои касбӣ баромада наметавонед ва таъсираш ба обрӯву нуфузатон мерасад. Бо саломатии худ машғул шавед, агар дар ин ҳафта бемор шавед, муддати мадид аз бистар хеста наметавонед. Аз ин рӯ, аз пайи пешгирӣ кардани бемор шавед.

Ҳут

Нафароне, ки муносибатҳои ошиқона доранд, нимаи аввали ҳафта бо дӯстдоштаи худ муноқиша мекунанд. Сабаби муноқишаи шумо рашки аз ҳад зиёд мегардад. Талабу хоҳиши дӯстдоштаи худро ба эътибор гиред, кореро, ки имконпазир нест, талаб накунед. Фаромӯш насозед, ки бо меҳрубониву сухани хуш дили сардтарин низ гарм мегардад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.