Толеъномаи 12-уми январи соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Вазъи молиявии аксари ҳамалҳо бо сабаби муваққатан бекор монданашон номусоид мегардад. Рӯҳафтода нашавед, ин ҳолати мувақаттӣ аст. Барои пешгирӣ намудани бемориҳо рӯзи хуб аст. Инчунин, табобати пешобдон бобарор анҷом меёбад. Сабаби ранҷиши дӯстдоштаатонро муайян сохта, минбаъд ба чунин ғалат роҳ надиҳед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Аз имкониятҳои нав истифода бурда тавонистан аз худатон вобастагӣ дорад. Маблағи хуб ба даст овардан хоҳед, чолоктар буданатон лозим меояд. Аз ҷониби шарикони корӣ фиреб хӯрдану ба муноқишаи наздикону фарзандон гирифтор шуданатон имкон дорад. Агар дар ин рӯз бемор шавед, бемориятон тӯл мекашад. 

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Бо кору ташвиши зиёд худро хаста нагардонед, вагарна ба саломатиятон зарари ҷиддӣ мерасад. Ҳама чизро ба дилатон наздик қабул накунед. Аз ҳад зиёд ман-манӣ накунед, вагарна нохушиҳои зиёде ба саратон меоянд. Ҷавзоҳои эҷодкор бо сабабҳои барояшон номаълум имкони пули хуб ба даст оварданро аз даст медиҳанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бо вуҷуди нақшаҳои зиёд, бо сабаби бепулӣ кореро ба сомон расониданатон ба гумон аст. Вазъи саломатиятон хуб гашта, худро боқувват ҳис мекунед. Нафареро вомехӯред, ки бо як нигоҳ тири ишқаш ба қалбатон зада, орому қарорро аз даст медиҳед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд, бештар ба садои қалби худ гӯш андозед.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи душвор аст. Нуқтаи назари худро дар ҳама кор пайгирӣ намоед, вагарна дар зиндагӣ сахт пушаймон мешавед. Мушкилиҳои куҳнае, ки бо хонаву сохтмон алоқамандӣ доранд, аз нав пеш меоянд. Хароҷоти ғайринақшавӣ имкон дорад. Ба саломатии худу нафарае, ки дӯсташ медоред, диққат диҳед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Масъалаҳои пулиятон бобарор анҷом меёбанд. Аз кору шуғли дӯстдоштаи худ, аз робита бо кӯдакон қаноатманд мегардед. Барои пешгирӣ намудани бемориҳо рӯзи хуб аст. Хобҳоятон дар ин рӯз амалӣ мешаванд. Агар аз дӯстдоштаатон ранҷида бошед, инро ошкоро гап занед, дар дил кина гирифтан фоида надорад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо сабабҳои бароятон номаълум имкони маблағи хуб кор карданро аз даст медиҳед. Дар муносибатҳои ошиқона ҳодисаи хуш рух медиҳад. Эҳтимол, мушкилиҳои баногаҳ пайдошударо бобарор ҳал мекунед. Туҳфаи ногаҳонӣ мегиред ё хабари хуш мешунавед. Барои тоза кардани организм аз ифлосиҳо парҳезро риоя кунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим бодиққат бошед, то ки ба ғалат роҳ надиҳед. Аз нӯшидани машрубот ва мулоқоти ошиқона бо нафаре, ки хуб намешиносед, худдорӣ намоед. Мардҳо мушкилиҳои дар ин рӯз пайдошударо ба зудӣ рафъ месозанд. Агар нишонаҳои шамолкаширо эҳсос намоед, зуд аз пайи табобат шавед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Др ин рӯз нақшаҳои худро ба бегонагон фош насозед, сергапӣ бар зарари худатон аст. Аз имкон дур нест, ки нақшаҳоятонро ҳодисаҳои ногаҳонӣ ва мушкилоти молиявӣ барбод медиҳанд. Айни замон бояд ғами худро хӯрда, дар фикри саломатиатон бошед. Бо нафаре шинос мешавед, ки шуморо дарк карда метавонад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Саломатии худро фаромӯш насозед, ташвишу кори зиёд бар зараратон буда, боиси бемор гаштанатон мегардад. Беҳтараш як қисми ӯҳдадориҳои худро ба дӯши атрофиёнатон бор кунед. Дар ин рӯз вохӯриҳои кориву ошиқонаро ба таъхир гузоред. Баъди нисфирӯзӣ маблағи деринтизорро ба даст меоред.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Корҳоеро, ки чанд муддат ба таъхир мегузоштед, ба охир расонед. Дар ин рӯз маблағи хуб ба даст меоред ё кӯмаку дастгирии шахси сарватманде имкон дорад. Дар бораи муваффақиятҳои худ ба касе нақл накунед, вагарна бадхоҳон бо гапу калочаи худ асабатонро хароб месозанд. Ба саломатии гурдаҳо диққати бештар диҳед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои беҳтар сохтани муносибат бо шахси дӯстдоштаатон, бояд якдигарро дарк карда тавонед. Албатта, ин кори чандон осон нест, вале сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ шуморо ба мақсад мерасонад. Ягона роҳи аз мушкилоти молиявӣ эмин мондан, сарфакорона истифода бурдани маблағ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *