Толеъномаи 19-уми июли соли 2020

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки барои зодагони зери бурҷи Ҳамал рӯзи муфид барои шиносоӣ аст. Хулоса, ҳар коре, ки ба ишқу муҳаббат алоқамандӣ дорад, имрӯз барор мегирад. Иҷрои баъзе аз хоҳишҳоятон имрӯз ғайриимкон мешавад. Аз нафарони бад дурӣ ҷӯед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз барои шумо рӯзи бобарор аст. Ҳама корро як сӯ гузореду фақат истироҳат кунед ва аз ҳаёт лаззат баред. Дар ҷои кор қарори муҳимеро қабул мекунанд, ки барои амалӣ гаштани нақшаҳои ояндаи шумо кӯмак мерасонад. Зиёдтар об нӯшед ва хӯрокҳои солим истеъмол намоед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз шумо бояд бештари вақти худро бо он нафароне паси сар кунед, ки барояш муҳим ва ҷолиби диққат ҳастед. Агар наздиконатон ба кӯмаки шумо эҳтиёҷ дошта бошанд, ба онҳо ёрӣ диҳед. Баъзеҳо мехоҳанд, ки шуморо асабӣ кунанд. Тавсия медиҳем, ки суханҳои онҳоро нодида гиред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз шумо хеле асабиед. Ҳангоми ҳарф задан аз даҳонатон гапҳои пасту баланд мебарояд, ки боиси хафа шудани наздиконатон мешавад. Кӯшиш кунед, ки ба нафарони дӯстдоштаатон осеб нарасонед ва онҳо бояд шуморо дарк кунанд. Сарфакор бошед ва барои ҳар кор пул масраф накунед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз агар шитоб кунеду ба гуфтаи дигарон амал намоед, дар корҳои худ ба иштибоҳи бузург рӯ ба рӯ мешавед. Агар дӯстонатон пешниҳоди ба истироҳат рафтанро кунанд, бе чуну чаро қабул кунед. Дар бораи тиҷорат ва нақшаҳои ояндаи худ ба касе хабар надиҳед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз барои фикр кардан дар бобати ояндаи тиҷорати худ рӯзи мусоид аст. Ба нафаре, ки ба кӯмаки шумо ниёз дорад, дасти ёрӣ дароз кунед. Дар муошират бо наздикон ва аҳли оила дағалӣ накунед ва барои гуноҳҳояшон ҷазо ҳам надиҳед. Кӯшиш кунед, ки ба онҳо имтиёз диҳед, то ислоҳ шаванд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз шумо мисли шамъе мешавед, ки рӯшаниатон ба ҳама мерасад. Муносибати худро бо наздиконатон вайрон накунед. Аз болои худ назоратро пурзӯртар намоед. Ба орзуву ҳавасҳо дода нашавед ва поятонро чени кӯрпаатон дароз кунед, то дар оянда пушаймон нашавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки ба касе маслиҳат надиҳед ва барои ба як қарор омадан ҳам шитоб накунед. Кӯшиш ба харҷ диҳед, то донишҳои беҳтарини худро барои ба як қарор омадан истифода намоед. Ба худ эътимод дошта бошед ва ҳатман ба мақсад мерасед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз ба шумо тавсия медиҳем, ки вақти бештари худро ба дӯстону наздикон ва пайвандон бубахшед. Агар дар масъалаи муҳиме фикри шуморо фаҳмидан хоҳанд, дарҳол ҷавоб диҳед. Дар хусуси он ки мардум дар бораи шумо чӣ фикр доранд, тамоман парво накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз хабарҳоеро мешунавед, ки барои пайдо шудани идея ва нақшаҳои нав имкон медиҳанд. Агар пеши нафаре гунаҳкор бошед, аз бахшиш пурсидан шарм надоред. Имрӯз мушкилиҳои гуногун думболи шуморо мегиранд. Наҳаросед ва ба атроф бодиққат назар афканед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз муносибатҳоятон бо нафаре, ки дӯсташ медоред, дар ҳолати хуб қарор мегирад. Кӯшиш кунед, ки ҳангоми вохӯрӣ аз хотираҳои гузашта ёдовар шавед ва бо ин роҳ муносибати худро қавитар созед. Ҳақиқатро бояд гуфт, аммо имрӯз аз гуфтани ҳар ҳақиат худдорӣ кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз дар назди худ ҳадафҳои мушаххас гузоред ва то охири рӯз кӯшиш кунед, ки ба онҳо ноил шавед. Зеро давраи мусоид барои расидан ба ҳадафҳост. Фаҳмо сухан гуфта натавоед ҳам, ҳама чизро барои худ фаҳмида метавонед. Ба ҳар ҳол, эҳтиёткориро аз даст надиҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *