Толеъномаи 2-юми сентябри соли 2020

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз шумо дар маркази таваҷҷӯҳ қарор мегиред ва аз ин хеле хурсанд мешавед. Аз ҳама хурсандиовараш он аст, ки гуфтушунидҳои корӣ ба фоидаи шумо анҷом меёбанд. Ба баъзе ҳамалҳо ҷои кори нав пешниҳод мекунанд, аммо ситораҳо мегӯянд, ки то маҷбур набошед, беҳуда ҷои гарматонро хунук накунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз шуморо лозим аст, ки корҳои шахсиатонро бо кӯмаки нафарони бегона ҳал кунед, зеро худиҳо имрӯз бо шумо соз намегиранд. Саврҳое, ки дар ин ё он мусобиқаву олимпиада иштирок мекунанд, ғолибият ба номашон аст. Ба суханҳои худ аҳамият диҳед, то ба вазъияти ногувор наафтед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ҷавзоҳои муҷаррад дар ин рӯз бахти худро ёфта, хушбахт мешаванд. Ба онҳое, ки ба шумо бо назари ошиқона нигоҳ мекунанд, аҳамият надиҳед. Бештар дар ҳавои тоза сайр кунед, ба боғи ҳайвонот биравед ва ба ҷамъоварии ҳосил машғул шавед. Аз ин корҳо ҳаловат мебареду манфиат низ мебинед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар бораи он корҳое фикр кунед, ки ояндаи хуб дошта бошанд. Барои оғози тиҷорат рӯзи бениҳоят бобарор аст, муваффақ хоҳед шуд. Субҳ вақте ки ба кор меравед, аввал бо сухани хуш дили ҳамкоронро ба даст оред. Шомгоҳон нӯшидани як миқдор шаробро ба шумо тавсия медиҳем.

Асад (23 июл-22 август)

Мушкилиҳое, ки давоми рӯз дар ҷои кор пеш меоянд, бояд мустақилона ҳал кунед. Агар худро дар ҷои коратон бад ҳис мекунед, пас вақти он расидааст, ки самти фаъолиятатонро иваз намоед. Ба ҳар ҳол, ба дили худ гӯш диҳед, хато нахоҳед кард. Шом хабари хуш шунида, бо шодмонӣ хоб мекунед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ба дигарон ҳасад набаред, хусусан, агар намедонед, ки онҳо барои ба ин зинаҳо расидан чӣ азобҳоеро паси сар кардаанд. Аз ғайбати дигарон худдорӣ кунед, агар хоҳед, ки аз боварии дигарон набароед. Барои масъалаҳое, ки қабули қарорҳои фавриро талаб мекунанд, рӯзи мусоид аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ҷони худро барои нафаре, ки дӯсташ медоред, дар хатар мегузоред. Дар бораи чизҳое, ки шуморо ба ташвиш меорад, ба волидонатон нақл кунед. Мизонҳои оиладор бояд дарди дили ҳамсарашонро гӯш кунанд. Муносибататон дар ҷои кор бо роҳбарият хубтар мешавад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯз барои гузоштани санги асос дар сохтмони дилхоҳ иншоот, оғоз кардани тиҷорати нав ва бастани аҳдҳо мувофиқ аст. Оқил бошед ва пулро барои чизҳои беҳуда сарф накунед. Аз дигарон таҷриба бигиред, аммо ҳеҷ гоҳ ба нафаре тақлид накунед. Даромади иловагӣ дар охири рӯз хурсандатон мекунад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қавсҳои муҷаррадро шиносоиҳои нав дар назар аст. Лаҳзаҳои беназири ҳаётро қадр кунед. Аз оне ки ҳамкорон ба шумо кӯмак мерасонанд, бо онҳо муносибати хубро ба роҳ монед. Ба ҳодисаҳое, ки дар гирду атроф рӯй дода истодаанд, диққати ҷиддӣ диҳед. Ба хабаргирии онҳое равед, ки дербоз надида будед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯз аз ҳар ҷиҳат барои шумост. Агар кори ҷиддиеро анҷом доданӣ будед, имрӯз мувофиқ аст. Ба тиҷорати хавфнок машғул нашавед, вақташ ҳоло фаро нарасидааст. Дӯстдоштаатон бо туҳфаи ногаҳоние табъи шуморо болида мегардонад. Қарз додану қарз гирифтанро дар давоми рӯз тавсия намедиҳем.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз пешниҳодҳои ҷолиб дар назар аст. Барои даст кашидан аз истеъмоли маводҳои нашъаовар рӯзи мувофиқ аст. Тамоку ва машруботро низ аз меъёр зиёд накашеду нанӯшед. Далвҳое, ки дар зиндагӣ мақсади муайян надоранд, ба натиҷаи дилхоҳ ноил шуда наметавонанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ба оташи ҷангу ҷанҷоли ҳамкорон, дӯстон ва наздикон равған напошед. Беҳтараш имрӯз аз ҳар гуна муноқиша дур бошед. Роҳбарият ба шумо маоши иловагӣ пешниҳод мекунанд, аммо пеш аз гирифтан мақсади асосии онҳоро фаҳмида гиред. Ба варзиш машғул шавед ва ғизои солим истеъмол кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *