Толеъномаи 20-уми июли соли 2020

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз аз ӯҳдаи ҳар коре, ки баромада метавонед, анҷом диҳед, зеро дар охир пули калон ба даст меореду ҳисси комёбӣ дар шумо бештар мешавад. Эҳтимол, сафи дӯстонатон зиёд мешавад. Барои васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва омӯхтани донишҳои нав вақти хуб аст. Аз худ қаҳрамон натарошед ва хоксор бимонед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз шумо ба ҳама кор қодир ҳастед. Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки шумо инро исбот карда метавонед. Гуфтушунидҳои муҳимро ба таъхир нагузоред, зеро ин ба фоидаи шумо нахоҳад буд. Кореро, ки ба анҷом расонида наметавонед, беҳтараш оғоз карда, дар ними роҳ нагузоред.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз корҳои навро ба нақша бигиред ва қолаби гапу корҳои куҳнаро шиканед. Барои боздид аз ҷойҳои фарҳангиву фароғатӣ рӯзи хубу бобарор аст. Шиносҳои нав пайдо мекунед, ки ҳаёти шуморо тағйир медиҳанд. Дар аввал эҳтиёткор бошед, то онҳоро хуб шинохта тавонед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат бо баъзе мушкилиҳо дучор мешавед. Кӯшиш кунед, ки бештар дар ҳавои кушод сайр кунед ва пиёда қадам занед. Ба гапҳои беҳуда бовар накунед ва ба ғайбати дигарон ҳамроҳ нашавед. Танҳо ба дониши худ такя кунед ва аз ӯҳдаи ҳама кор хоҳед баромад.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз дар ҳаёти шумо тағйиротҳои хушу гуворо ба амал меоянд. Барои шиносоии нав ва иштирок дар маҳфилҳои ошиқона рӯзи хуб аст. Вақти он расидааст, ки ҳақиқатро бигӯед. Аз касе натарсед, зеро ҳақиқат дер ё зуд маълум мешаваду ҳақ ба ҳақдор мерасад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз хабари нохуше мешунавед, ки асабҳои шуморо то ҳадде хароб месозад. Аз ҷониби хешовандон ва наздикон дастгирӣ меёбед. Барои ба даст овардани даромадҳои иловагӣ имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад, аммо барои ин аввал бояд маблағи зиёдеро сармоягузорӣ кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз якчанд низоъ бармехезад ва шумо бетараф буда наметавонеду ба он ҳамроҳ мешавед. Кӯшиш кунед, ки дастаи ҷониби худро ҳимоя кунед ва худро тавре вонамуд созед, ки гӯё аз дигарон фарқ мекунед. Даромади иловагии молӣ дар назар нест, бинобар ин, харҷи беҳуда накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз агар шумо сулҳу оромиро пеша накунед, корҳоятон барор намегиранд. Дар назди худ мақсадҳои мушаххас гузоред ва аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаред. Агар танбалиро дар худ мағлуб кунед, ба чандин муваффақиятҳои назаррас ноил мегардед. Ба худ боварӣ дошта бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз эҷодиёти шумо афзоиш меёбад. Барои харид ва ҳалли мушкилиҳои рӯзмарра рӯзи мувофиқ аст. Кӯшиш накунед, ки ба гузашта баргардед. Баръакс, барои ба пеш рафтан саъй кунед. Бо иваз кардани зиндагии имрӯза чизеро тағйир дода наметавонед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз дар масъалаи кор хабари хуше мешунавед, ки шуморо рӯҳбаланд месозад. Аммо ин кор аз шумо масъулияти зиёдро талаб мекунад. Барои пирӯз шудан шумо бояд масъулиятшинос бошед. Ба самтҳои гуногуни тиҷорати худ навгонӣ ворид кунед. Оромӣ ва оқилиро аз даст надиҳед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз вақти он расидааст, ки шумо бояд озод бошед. Фаъолияти касбиатон ба шумо мисли як бори вазнин аст. Ин вазнинӣ шуморо хаста мекунад, ки ояндааш он қадар хуб нест. Аз ин кор ҳарчӣ тезтар ҷилавгирӣ кунед. Ба шумо истеъмоли шириниҳоро тавсия медиҳем.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз шумо дар шартномае имзо мегузоред. Пеш аз гузоштани имзо шартномаро аз назар гузаронед ва мувофиқа кунед. Шумо барои сармоягузорӣ ба тиҷорати худ ба маблағи иловагӣ ниёз доред. Дар дилатон тарс доред, аммо тавсия медиҳем, ки маблағи заруриро сармоягузорӣ кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *