Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толеъномаи 21 январ, ҷумъа

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бояд ба як қарори муайян омада, бо кӣ робита кардану аз кӣ ҷудо шудани худро муайян созед. Эҳтимол нафаре дар ниқоби дӯст дар роҳи шумо монеа эҷод мекунад. Муваффақиятҳои боре ба даст овардаро дубора ноил гашта наметавонед, аз ин рӯ, ба коре, ки аз уҳдааш баромада наметавонед, даст назанед.

Савр (21 апрел-22 май)

Рафту дар ин рӯз бо нафаре гапатон гурезад, зудтар кӯшиши бо ҳам оштӣ шуданро намоед. Миёнаравҳо дар ҷои кор фишори маънавӣ оварда, боиси муноқишаву нофаҳмиҳо мегарданд. Хоҳиши дар ҳама кор аввалу пешсаф будан ба ҳаёти шахсиятон таъсири манфӣ мерасонад.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз ба маслиҳатҳои дӯстону наздикон нағзакак гӯш андозед. Хусусан дар масъалаҳои молиявӣ. Беҳуда таваккал накунед, вазъиятро тағйир дода наметавонед. Агар ошиқ бошед, барои ба даст овардани муҳаббати дӯстдоштаатон шитобу якравӣ накунед, дар акси ҳол, муҳаббати худро аз даст медиҳед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз тамоми қувваи худро барои ба даст овардани вазифаи нав сарф накунед. Беҳтараш аз пайи анҷом додани корҳои нотамоми худ шавед. Бо нафарони бадкирдор робита накунед, он гоҳ нафарони боэътимоду дилпур ба ҳаётатон ворид мегарданд.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз кори зиёдро ба нақша нагиред, вагарна оқибати ногувор ба бор меорад. Дар муносибатҳоятон бо наздикон нофаҳмиву низоъ зиёд мегардаду самимият дида намешавад. Аз саломатии худ бохабар бошед, зуд-зуд фишори хунатонро санҷед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Барор ба шарте ҳамсафари шумо мегардад, ки ба тағйиротҳо омода бошед. Аз тақдир чизеро, ки бо кӯшишу таҳаммули зиёд ба даст меояд, талаб накунед. Қабл аз он ки изҳори муҳаббат мекунед, хислатҳои ёратонро нағзакак омӯзед. Бегоҳирӯзиро барои истироҳат ва сайругашт бубахшед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Дар вазъиятҳое, ки дурандешона бояд амал намоед, ба шитобу саҳланкорӣ роҳ надиҳед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон асабонияту  нофаҳмӣ зоҳир мекунед. Агар лаҳзаҳои хотирмони ошиқона муҳайё карда тавонед, тамоми нофаҳмиҳо рафъ мегарданд.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Агар оромона барои расидан ба мақсад кӯшиш намоед, ниятҳоятон амалӣ мешаванд. Бемулоҳизагӣ ба корҳои молиявиятон таъсири манфӣ мерасонад. Эҳтимоли аз даст додани маблағи зиёд вуҷуд дорад, аз ин лиҳоз, аз хариди беҳуда худдорӣ намоед. Ба маъракаи дилхушкунандае даъватӣ мегардед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Агар ба доми ҳавасҳои худ дода нашавед, бурдборӣ насибатон мегардад. Сафару навовариҳоро ба таъхир гузоред, беҳтараш аз пайи корҳои ҷамъшуда гардед. Аз робита бо кӯдакон хушҳол мегардед. Дар ҷодаи муҳаббат давраи хушбахтӣ фаро мерасад, босабр бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Агар бо ширкатҳои муваффақ ҳамкорӣ кунед, ба зудӣ комёб мегардед. Дар танҳоӣ амал карданатон манъ аст, хусусан агар ба худ боварӣ надошта бошед. Нисбати дӯстдоштаатон сахтгир набошед, алҳол ӯ ба тағйиротҳои ногаҳонӣ омода нест.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Қобилиятҳои ақлониву ҷисмониятонро аз андоза зиёд гумон накунед, вагарна бо корҳои вазнин машғул шуда, бемор мегардед. Бо нафарони ношинос дарди дил накунед. Кушодадилиятонро ҳамчун хирагӣ қабул мекунанд. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои дилу рагҳои хунгард дар назар аст.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз бо шумо забон ёфтан кори душвор аст. Агар худро ба даст гирифта тавонед, ба фоидаи худатон аст. Кӯшиши пайдо намудани камбудиву ғалатҳои шахси дӯстдоштаатонро накунед. Оқилона сарф кардани маблағ аз бепулӣ  наҷотатон медиҳад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.