Толеъномаи 28 июни 2020, якшанбе

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бояд аз пайи беҳтар сохтани вазъи молиявӣ шавед. Нафароне, ки дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият мекунанд, соҳиби вазифаи беҳтаре гашта метавонанд. Тарсу ҳароси беҳударо аз дил дур созед, муваффақ мегардед. Аз истеъмоли хӯрокҳои тунду шӯр худдорӣ намоед.


 
Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи бобарор аст, орзуҳоятон амалӣ ва нақшаҳоятон татбиқ мегарданд. Ба ҳар гапе, ки нисбати худ мешунавед, диққат дода руҳафтода нагардед. Хариди калон ба буҷаи оилавиятон таъсири калон мерасонад. Эҳтимоли руҳафтодагӣ ва каме нотоб шуданатон дар назар аст.



Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз  имкони ба нафаре кӯмак расонидан ва дастгирӣ карданро пайдо менамоед. Зимни робита бо дӯстон гузашт карданро омӯзед. Бо сабаби мушкилоти молиявӣ ва маблағгузории бебарор дучори руҳафтодагӣ мегардед. Айни замон ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуданатон лозим нест.



Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз нисбати саломатии худ бодиққат бошед. Зукоми муқаррарӣ метавонад ба бемории ҷиддӣ мубаддал гардад, аз ин рӯ сари вақт ба табиб муроҷиат карда, табобат гиред. Бештар истироҳат карда, нерӯятонро барқарор намоед. Бегоҳирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона созгор аст.


Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз бо тамоми ҳастӣ ба рӯзгори хушу пурсаодат майл мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат аз ишқбозиҳои яклаҳзаина худдорӣ намоед, вагарна аз яке мондаву аз дигаре ронда мешавед. Хабаре шуниданатон эҳтимол дорад, ки ба зиндагиву вазъи қарордоштаи шумо таъсири тақдирсоз мерасонад. Имкони хубро аз даст надиҳед.



Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ҳаҷми хароҷот ва маблағе, ки ба даст меоред, муқоиса намоед. Эҳтимол молеро харидорӣ мекунед, ки баргардониданаш имконнопазир мегардад. Ҳаёти шахсии худро зери назорат гирифта, дӯстдоштаи худро зиёд танқид накунед. Худ низ танқидро ба дил наздик қабул накунед.


Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Дар ҳама кор дӯстони ҷонӣ дастгиру мададгоратон мегарданд. Шумо ҳатто имкони аз касе мадад пурсиданро пайдо намекунед. Муҳити оилавӣ аз чӣ гуна будани табъи мизонҳо вобастагӣ дорад. Агар назди худ мақсад гузоред, натиҷаҳои зиёдеро ноил мегардед. Зимни гуфтор дурандешона ҳарф ба забон оред.


Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз дучори мушкилиҳои муваққатии молиявӣ мегардед. Қарз гирифтану чизеро гарав монданро маслиҳат намедиҳем. Бо вуҷуди душвор будан мустақилона роҳи ҳалро пайдо намоед. Дар ҳаёти оилавӣ бо рафъ намудани мушкилоти рӯзгор машғул шавед. Баъди нисфирӯзӣ хабари ногувор мешунавед.


Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз бо нафаре шинос шуда, аз нигоҳи аввал ошиқ мешавед. Дар роҳ ба вазъияти хатарнок дучор шуданатон имконпазир аст. Дар дохили шаҳр хеле боэҳтиёт бошед. Ҳодисаҳои манфии рӯзро ба дил наздик қабул накунед. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, заҳмати зиёдатон сарф мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Қаҳру ғазаби худро дар назди дӯстон нишон надиҳед, вагарна нафаре аз шумо сахт меранҷад. Хабар ё ҳодисаи ногаҳоние ба зиндагиятон  тағйиротҳои куллиро ворид месозад. Ба дарду ғами шахси дӯстдошта ё ҳамсари худ шарик шавед. Нисбати саломатӣ бепарвогӣ зоҳир накунед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз ҳамкорон ба шумо сахт ҳасад мебаранд. Аз дастоварду зиёдшавии маоши худ ба касе чизе нагӯед. Ҳангоми ҳазлу шухӣ кардан андозаро нигоҳ доред. Тамоми нерӯи худро ҷамъ карда, аз уҳдаи рафъ сохтани мушкилиҳо ва фитнаву иғво мебароед. Аз робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед.


Ҳут (21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз ба комёбиҳои дигарон ҳасад набурда, софдилона меҳнат кунед. Барои нигоҳ доштани меҳру муҳаббат нисбати ёратон аз тамаъкориву манфиатҷӯӣ худдорӣ намоед. Агар дар масъалаҳои молиявӣ сари қарори дуруст биёед, сарватманд мегардед. Рағбати ҷинсиятон дар ин рӯз хеле зиёд мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *