Толеъномаи 28-уми августи соли 2020

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз истироҳат карда наметавонед, ҳатто агар орзу кунед ҳам. Ҳар як кор аз шумо диққат, заҳмати зиёд ва таваҷҷӯҳро талаб мекунад. Дониши худро барои пешравии корҳоятон самаранок истифода баред, натиҷаи хуб ба даст хоҳед овард. Одати носу тамокукашиатонро партоед, беҳтар мешавад.

Савр (21 апрел-20 май)

Ситораҳо мегӯянд, ки имрӯз барои нишон додани истеъдод рӯзи хуб аст. Қувваи ноаёне ба шумо ҳамроҳ мешавад ва аз ӯҳдаи ҳар коре ба хубӣ мебароед. Шом ба давидан машғул шавед, то баданатон обутоб ёбад. Саврҳои танҳо барои пайдо кардани ҳамсафари зиндагӣ кӯшиши беҳуда мекунанд.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо онҳое, ки пештар қаҳрӣ карда будед, оштӣ мешавед. Кӯшиш кунед, ки вақти суҳбат кардан, дубора дағалӣ карда, боз ҷангӣ нашавед. Дар масъалаҳои молиявӣ фақат ба дили худатон гӯш кунед, на ба гуфтаи дигарон. Аз нафарони манфиатҷӯ ва тамаъкор худро куллан дур бигиред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки давоми рӯз табъи саратонҳо болида ва хотирашон хуш хоҳад буд. Аз дуздону қаллобон эҳтиёт кунед, эҳтимоли чизеро аз даст доданатон вуҷуд дорад. Маслиҳати нафарони таҷрибадору рӯзгордидаро барои пешрафти корҳоятон ҳатман ба назар гиред.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ҳангоми иҷрои корҳо аз ҳаррӯза дида, бодиққаттар бошед. Кӯшиш кунед, ки корҳои пештараро зудтар ба анҷом расонида, аз пайи амалии нақшаҳои нав шавед. Барои оғоз кардани тиҷорат ба як қарор омаданатон лозим аст, дудилагӣ монеи кори шумо хоҳад шуд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз дар ҳаёти сунбулаҳо мушкилиҳои хурду ночиз ба вуҷуд омада, то охири рӯз ҳалли худро пайдо мекунанд. Аз одамони наве, ки дар гирду атрофатон пайдо шудаанд, эҳтиёт кунед. Ростро аз дурӯғ фарқ карданро омӯзед, зеро дар атрофи шумо чунин ҳодисаҳо кам нестанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз барои васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва истироҳати оилавӣ рӯзи хуб аст. Мизонҳои муҷаррад ба нафаре дил медиҳанд, ки ин муносибат ба оиладорӣ оварда мерасонад. Ба бозор ё мағоза рафтанро имрӯз тавсия намедиҳем. Мизонҳое, ки аз бемории зуком азият мекашанд, беаҳамиятӣ накарда, ба табиби оилавӣ муроҷиат намоянд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз шумо аз кор дида, бештар ба вохӯрӣ ва вақтхушиҳои ошиқона майл пайдо мекунед. Агар шахси дӯстдошта дошта бошед, пас ҳатман бо ӯ ба клубҳои шабона рафта, дилхушӣ кунед, вале содир кардани кирдорҳои ғайриахлоқиро ба шумо тавсия намедиҳем. Дар охири рӯз муноқиша рух медиҳад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз машғул шудан ба варзиш ба дигар корҳои шумо халал намерасонад. Шиносоӣ бо одамони ҷолиб дар назар аст. Дар ҷои кор ба эҳсосот дода нашавед ва шӯҳратпарастиро аз худ дур кунед, вагарна муносибататон бо нафарони наздикатон бад мешавад. Даромади иловагиро интизор бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бахти шумо чунон омад мекунад, ки то ин давра бесобиқа аст. Агар идеяҳои амалинашуда дошта бошед, барои татбиқи онҳо рӯзи бобарор аст. Дар бораи он чизе ки ба шумо мувофиқ нест, натарсида гап занед, вагарна рӯзе ба сари худатон меояду баъдан пушаймон мешавед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз барои сафар ва мулоқот бо дӯстон рӯзи бобарор аст. Вақти худро барои корҳои беҳуда сарф накунед, вагарна баъдан эҳсоси пушаймонӣ мекунед. Ба худ иҷозат надиҳед, ки аз зиндагӣ ноумед бошед. Барои рафъи асабоният ба духтур муроҷиат накунед, балки худатон табобат кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз нафаронеро, ки шуморо хафа карда буданд, бубахшед ва ба дил кина нагиред. Ин хаслат зеби шумо нест. Ҷони худро дар хатар гузошта, барои ҳар кор масъулиятро бар дӯш нагиред. Давоми рӯз аз нақша берун кор карданро ба шумо тавсия намедиҳем. Даромади иловагӣ дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *