Толеъномаи 31-уми августи соли 2020

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз кӯшиш накунед, ки ҳамаи мушкилиҳоро ба анҷом расонед. Ботамкин бошед ва хабарҳои нохушро оромона қабул карда, рӯҳафтода нашавед, чун ҳамааш хуб мешавад. Имкониятҳои зиёд доред, вале инҷиқӣ карда, ҳамаро барбод медиҳед. Ба худ иҷозат надиҳед, ки наздиконатонро ранҷонед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар умум рӯзи хуб аст. Ҳанӯз аз субҳи барвақт корҳои худро ба нақша гиред, то вақтатон сарфи корҳои беҳуда нашавад. Вохӯриҳои кориро дар нимаи аввали рӯз анҷом дода, нимаи дувуми рӯзро ба мушкилиҳои оилавӣ бахшед. Агар дербоз дар орзуи харидани чизе будед, пас имрӯз барои шумост.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Корҳоеро, ки чанд муддат ба таъхир мегузоштед, дар ин рӯз анҷом диҳед. Ба шумо кори нав пешниҳод мекунанд, ки вақти зиёдатонро мегирад. Шуғли дӯстдоштае, ки ба он машғулед, ба шумо қаноатмандӣ мебахшад. Мардҳо бо нафари аҷибе шинос мешаванд. Шом бе ягон сабаб ғамгин мешавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Давоми рӯз аз амалҳои хатарноку пешниҳодҳои ноҷо дурӣ ҷӯед, то ба моҷаро гирифтор нашавед. Ба саросемагӣ роҳ надиҳед ва худро дар ҳама ҳолат ба даст гиред. Рӯз барои масъалаҳои молиявӣ созгор нест, бинобар ин, кӯшиши қарз додану қарз гирифтан ва хариду фурӯшро накунед. Шаб барвақттар хоб кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз тамоми қувваатонро барои муҳофизати худатон сарф кунед. Фаромӯш насозед, ки ҳама мушкилиҳо дер ё зуд ҳалли худро пайдо мекунанд. Душманон аз сустиву беғайратиатон истифода бурда, шуморо мавриди ҳадаф қарор медиҳанд. Шикастани зарф дар ин рӯз хосияти хуб надорад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Нимаи аввали имрӯз корҳоятон чунон зиёд мешаванд, ки ба сархорӣ вақт намеёбед. Кору мушкилиҳои зиёд шуморо водор месозанд, ки аз пештара фаъолтар бошед. Шомро дар ҳалқаи дӯстони наздик ва аҳли оила гузаронед. Истироҳат, тамошои филм ва навозишҳои дӯстдоштаатон хастагиатонро рафъ мекунад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз муваффақият ҳамсафари нафарони эҷодкор мегардад. Бо шарофати кордониатон дар муддати кӯтоҳ корҳое зиёдеро ба сомон мерасонед. Барои ишқу муҳаббат низ рӯзи хуб аст. Муносибататон бо шахси дӯстдоштаатон чунон хуб ҷараён мегирад, ки фикр мекунед дар дунё аз шумо дида, одами хушбахт нест.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар ба як қарор наоед, ҳар амалатонро бар зидди худатон истифода бурда метавонанд. Муносибататон бо ҳамкорон ва роҳбарият вайрон мегардад. Нобарориҳои оилавӣ боиси саргардониҳои зиёд мегардад. Асабонияту хастагӣ ба саломатиатон бетаъсир нахоҳад монд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар касбу кор ва муҳити оила сар задани мушкилӣ аз эҳтимол дур нест. Мушкилиҳои худро ба сари дигарон бор накунед. Роҳҳои аз бӯҳрон баромаданро пайдо намоед. Зарбаҳои тақдирро ба дил наздик қабул накунед. Агар имрӯз бемор шуда монед, дониста бошед, ки бемориатон тӯл мекашад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Исроркорӣ карда, соҳиби ҷои кори нав ва даромади хуб мешавед. Барои муваффақ шудан боз ҳам кӯшиш карданатон лозим аст. Монеаҳои ногаҳонӣ боис мешаванд, ки корҳои худро ба таъхир гузоред. Аз саломатии аҳли оилаатон бохабар шуда истед ва барои бемор нашуданашон чораандешӣ кунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз ба шарте корҳоятон барор мегиранд, ки дар хонаатон муҳити гуворо ҳукмфармо бошад. Пайдо шудани баъзе нофаҳмиҳо дар ҷойи кор имкон дорад. Ҳушёриро пеша намуда, ба саросемагӣ роҳ надиҳед. нафаре дар фикри бадии шумост, ки худатон намедонед. Бо сабру ҳушёрӣ монеаҳоро убур кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Давоми рӯз ба ишқу ошиқӣ дода шуда, аз меъёр зиёд нӯшокиҳои спиртӣ нанӯшед. Муносибататонро бо дӯстоне, ки чандон робитаи наздик надоштед, қавитар созед. Ба саломатии худу аҳли оилаатон диққати аввалиндараҷа диҳед ва муҳити хонаводаро бо ҳузури худ гармиву нишот бахшед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *