Толибон хатарест ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Ишғоли шаҳрҳову вилоятҳои Афғонистон аз сӯи ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* идома доранд: артиши кишвар тамоми таҷҳизоту силоҳро ба дасти Толибон* гузошта аз майдони ҷанг фирор дорад

Шаби гузашта ҷонибдорони ҷунбиши тундгарои Толибон*, ду шаҳри бузурги Афғонистонро таҳти назорати худ гирифтанд, иттилоъ додааст Associated Press ва AFP.

Аз хорӣ гиряам меояд, ки беватане омада ватанатро гираду сарат зӯрӣ кунад. Охир куҷо шуданд шердилони майдони набарди Афғонистон, ки руҳияашонро на Руссияву на Амрико шикастан натавонист?! Куҷоняд он шерамардони лашкари Аҳмадшоҳи Масъуд? Куҷо шуданд фардони баномусу пуштибони устод Раббонӣ? Ҷонибдорони  Дустуму Гулбуддини Ҳикматёрро чӣ шуд? Имрӯз рӯзи номусу нанг аст! Рӯзи дифоъ аз марзу буму хонаву дар аст! Ба ҳам оед ай қавми парешони ориёӣ! Дасти ҳам бигиред! Паҳлӯи Ато Муҳаммад Нуру писари Аҳмадшоҳи Масъуд гирди ҳам оед ва сарзамини худро аз дасти ин ғосибон ҳифз намоед! Мо бошумоем!!!

Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман!

Ҳамин тариқ, ҷангҷӯёни Толибон* Қандаҳор, маркази вилояти ҳамномро зери назорати худ гирифтанд. Ба иттилои АP, мақомоти маҳаллӣ барои тарк кардани шаҳр ба фурудгоҳ фирор кардаанд. Баъзе аз низомиён ба ҷангҷӯёни Толиб* таслим шуданд. Силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва мошинҳои мондашуда ба дасти Толибон уфтоданд.

Худи ҷангҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ забти Қандаҳорро эълон карданд.

Сухангӯи Толибон* гуфт: «Дуввумин шаҳри бузурги кишвар Қандаҳор низ зери назорати  Аморати исломӣ аст».

Ҷангҷӯён идораи волӣ, ситоди нерӯҳои амниятӣ ва дигар ниҳодҳои муҳимро таҳти назорати худ гирифтанд.

Илова бар ин, ҷангҷӯён аз забти пойтахти вилояти Ҳилманди Афғонистон шаҳри Лашкаргоҳ низ хабар доданд.

Як мақоми амниятӣ гуфт: «Шаҳр суқут кард. Дар бораи оташбаси 48-соата ва баровардани артиш ва мансабдорон ин минтақа созиш ҳосил шуд».

Ҷангҷӯён иддао доранд, ки онҳо иншооти шаҳрро, ки қаблан дар ихтиёри мақомот буданд, забт кардаанд.

Толибон* гуфтанд, ки аз охири ҳафтаи гузашта ҷангҷӯён даҳ марказҳои маъмурӣ аз 34 музофотро ишғол карданд. Аз ҷумла онҳо шаҳрҳои Заранҷ, Пули Хумрӣ, Ғазнӣ ва инчунин Қундузро, ки дар 60 километрии наздикии марзи Тоҷикистон аст, таҳти контроли худ гирифтанд.

Мақомоти Афғонистон иддао доранд, ки бархе аз шаҳрҳоро дубора бозпас гирифта шудааст, вале даргириҳо то имрӯз идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *