Толибон як кӯдакро кушта,се нафари дигарро шадидан маҷрӯҳ карданд

Мушак боло як боми манзили истиқоматӣ афтодаст, ки дар натиҷа як кӯдак ҷон аз даст дод

Бар асари таркиш дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул як кӯдак кушта шуд ва ҳамзамон се нафари дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд.

Шабакаи Al-Jazeera менависад, ки таркиш зимни ҳамлаи мушакӣ иттифоқ афтод ва мушак болои як боми манзили истиқоматӣ, ки дар наздикии фурудгоҳ қарор дошт, афтодааст.

Дар ҳамин ҳол, аксар расонаҳо менависанд, ки таркиши навбатиро Амрико анҷом дод. Зоҳиран ин таркиш ҷавоб ба ҳамлаи интиҳории чанд рӯз пеш дар фурудгоҳи Кобул буд, ки дасти кам 13 низомиро ба ҳалокат расонд.

Бояд гуфт, ки бар асари силсила таркишҳо дар фурудгоҳи шаҳри Кобул дасти кам 200 нафар кушта шуданд.

Яке аз ҳамалоти интиҳориро ҷангиёни ДОИШ* бар ӯҳда гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *