Тоссарҳои рус дасту пойи Санҷарро дар Русия буриданд!

Як пиразани 69-сола дар суҳбат бо хабарнигори «TajikistanTimes» гуфтааст, ки мӯҳтоҷ гаштани  фарзандаш  ӯро аз вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе, ба идораи сомона овардааст. Мавсуф  Соҷида Ҳасанова ном дошта, се сол боз дар ба дари суду прокуратура мегардад, вале ҳеҷ дурри мақсудро ба даст оварда наметавонад.  Мақсади ин пиразан аз муроҷиат ба мақомотҳои дахлдор нигоҳ доштани никоҳи фарзанди маслуқаш ва аз даст надодани хонаи истиқоматиаш аст. Ҳангоми суҳбат бо хабарнигор  ин пиразани ҷафодида оҳи сард кашида чунин қисса кард:

“Писарам соли 2013 ба дасти 14-нафар тоссарҳои хунхори рус афтида, зери шиканҷа ва лату кӯби онҳо қарор гирифтааст. Тоссарҳои худобехабар Санҷари 28-солаи маро чунон бераҳмона задаанд,  ки писаракам маъюбу маслуқ шуда монд. Он бераҳмҳо ба ҷони ҷавонаш раҳм накарда, бо корд дасту пойи Санҷарро бурида дар ҷангал партофта рафтаанд. Писари ниммурдаю нимзиндаамро рафиқонаш ба Тоҷикистон фиристониданд. Аҳволи Санҷарро дида ҷигарам реш –реш шуд».

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, келини холаи Соҷида- Мавҷуда «ман умрамро бо марди маъюб хазон карданӣ нестам» гӯён, баъди бо дасту пойи бурида ба Ватан баргаштани шавҳараш Санҷар талоқашро талаб намудааст. Соҷида Ҳасанова барои аз даст надодани набераи ягонааш сарашро ба сад дар зада бо ашкҳои шашқатор мегӯяд: «Писарам ҳамсарашро дӯст медорад ва аз ӯ ҷудо шуданӣ нест, аммо келини нозпарвардам «маслуқбонӣ намекунам» гуфта, ду пояшро дар як мӯза андохта истодааст, ки ҷавобашро диҳад. Гап танҳо дар бораи вайрон шудани як оила намеравад, агар набераам аз даст равад, дунё ҳам барои ман ва ҳам барои писари бе дасту поям мисли гӯр тираю тор мегардад!»

                                                  Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *